Аз хондани ин сура шумо:
•Мағфират хоҳед шуд.
•Шуморо вориди Ҷаннат мегардонад.
•Аз азоби қабр наҷот медиҳад.
عَنْ أَبِى هُرَيْرَةَ أَنَّ النَّبِيﷺِّ قَالَ:
«إِنَّ سُورَةً فِى الْقُرْآنِ ثَلاَثُونَ آيَةً شَفَعَتْ لرجلٍ حَتَّى غُفِرَ لَهُ وَهِيَ (تَبَارَكَ الَّذِى بِيَدِهِ الْمُلْكُ)»
📗أحمد و إبن حبان و حاکم.
Абуҳурайра (р) мегуяд: Набии Акрам ﷺِّ фармуд:
«Сурае дар Қуръон вуҷуд дорад, ки дорои 30 оят мебошад, ин сура барои як мард ба андозае шафоъат намуд, ки боиси мағфирати вай гардид ва он сураи "Мулк" аст».
عَنْ أنس رضی الله عنه قَالَ:
قَالَ رَسُولُ اللهﷺ: «سُورَةٌ من القرآن ما هي إلا ثلاثون آية خاصمت عن صاحبها حتى أدخلته الجنة وهي (تبارك)».
📗أحمد و إبن حبان و حاکم.
Анас (р) мегӯяд: Расулуллоҳ ﷺِّ фармуд:
«Сурае дар Қуръон вуҷуд дорад, ки фақат 30 оят мебошад, он сура ба андозае аз соҳибаш (тиловаткунандааш) дифоъ намуд, то инки ӯро вориди Биҳишт сохт ва он сураи "Мулк" мебошад».
عن ابن مسعود رضی الله عنه ، قال: «يؤتى الرجل في قبره فتؤتى رجلاه فتقول رجلاه: ليس لكم على ما قبلي سبيل كان يقوم يقرأ بي سورة الملك، ثم يؤتى من قبل صدره أو قال بطنه، فيقول: ليس لكم على ما قبلي سبيل كان أوعى فِيَّ سورة الملك، ثم يؤتى من قبل رأسه فيقول: ليس لكم على ما قبلي سبيل كان يقرأ بي سورة الملك، فهي المانعة تمنع من عذاب القبر وهي في التوراة سورة الملك، ومن قرأها في ليلة فقد أكثر وأطنب».
📗حاکم.
Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) мегуяд: «Фариштагони азоб дар қабр назди шахс мераванд, нахуст аз ҷониби пойҳояш ба ӯ наздик мешаванд, пойҳояш мегӯянд: Аз ҷониби ман ба ӯ дастрасӣ пайдо намекунед, зеро ӯ (дар дунё) сураи "Мулк"-ро тиловат менамуд! Сипас фариштагони азоб аз ҷониби сина ё шикам ба ӯ наздик мешаванд, сина мегӯяд: Аз ҷониби ман ба ӯ наметавонед бирасед, зеро дар даруни ман сураи "Мулк"-ро ҳифз ва нигаҳдорӣ намуд! Баъд аз он аз тарафи сараш ба ӯ наздик мешаванд, сараш мегӯяд: Аз ҷониби ман ҳам наметавонед ба ӯ наздик шавед, чаро ки ба василаи ман сураи "Мулк"-ро тиловатТ менамуд! Лизо бояд донист, ки сураи "Мулк" (Таборак) монеъест, ки аз азоби қабр пешгирӣ менамояд. Ин сура дар «Таврот» низ муаррифӣ шудааст. ҲАР КАС ШАБОНА ОНРО ТИЛОВАТ НАМОЯД, КОРИ ЗИЁД ВА БИСЁР ХУБЕ АНҶОМ ДОДААСТ!
✏️ Пас оё арзиши чанд дақиқаи худро бо он гузарониданро дорад? Аз фейсбук карда беҳтар нест? Барои фоидаи мо нест? Арзишашро надорад? Чаро ҳар шаб нахонем? То кай нафспарастӣ кунем? Кай барои майдони Маҳшар омодагӣ бигирем? Дар пирӣ? Касе, ки дар ҷавонӣ ибодат накард, дар пири маҳол аст ибодат кунад! Бисёр бузургсолонеро дидаем, ки ибодат намекунанд ва бисёри дигарашро дидаем, ки дар ҳасрати ибодат кардан ҳастанд, вале заифу нотавон ҳастанд! Каме фикр кардан болои ин ҳарфҳо инсони ҳушёрро бедор месозад!
Ин сураро шабҳо баъд аз номози шом то ҳар вақти шаб, ки хоҳед бихонед мешавад!
Тақдим ба дӯстони имонӣ! 👇😍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев