Он,ки дар роҳи фиребу фанди мо андеша кард,
Ё ки найранги замонро баҳри моён пеша кард.
Бо табассумҳои заҳромез табар бар реша кард,
Ё ки ҳоҷист ё ки махсум ё ки эшон ё ки шайх.
Он ки дар қавлу забонаш нест зи оҳанги дуруст,
Хештанро метарошад ёвару ғамхору дуст,
Бо ту андар ғуссаву ғамҳо қарин чун мӯ ба мӯст.
Ё ки ҳоҷист ё ки махсум ё ки эшон ё ки шайх.
Он ки дар зоҳир ба мардум дарси тақво мекунад,
Боби ирфону насиҳатро мудом во мекунад.
Дигаронро фош карда пасту расво мекунад.
Ё ки ҳоҷист ё ки махсум ё ки эшон ё ки шайх.
Он ки дар нуги забонаш номи зоти Акбар аст,
Бо шаётин ҳамнишину дигаронро раҳбар аст,
Гӯиё андар ҷаҳон ӯ аз ҳама болотар аст.
Ё ки ҳоҷист ё ки махсум ё ки эшон ё ки шайх.
(МУҲАММАДИҚБОЛИ РАШТӢ )
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев