ТУ ТАНҲО НЕ, ХУДО ЁРАТ, МУСОФИР!...
Гаҳе дар об гоҳе дар алобӣ,
Гаҳе дар ранҷ гоҳе дар азобӣ.
Ҳазинӣ, нотавонӣ, дилкабобӣ,
Басо ҷон меканӣ то нон биëбӣ ...
Ҳама дардат даво дорад муҳоҷир,
Ту танҳо не, Худо ëрат мусофир!
" Раҳи дуру раҳи дуру раҳи дур ",
Ҷудо аз ëру пайвандонӣ маҷбур.
" Худо кай медиҳад умри дубора "
Ғарибӣ мебарад то бар лаби гӯр ...
Таваккал кун, ба номи поки Ҷаббор
Худо гӯ аввалу з - он пас бикун кор.
Ба роҳи рост мерав, ростӣ кун,
Ба ҳифзат мешитод Офаридгор !
Макун модар - падар асло фаромӯш,
Ки фарзандат гирӣ аз нав ба оғӯш.
Нашав навмед, марди роҳ мебош,
Фақат бо некуëн ҳамроҳ мебош!
Мусофир, ҳар даме ëди Худо кун,
Ҳаме Фарҳоди дилҳоро дуъо кун!
Ҳама дардат даво дорад муҳоҷир,
Ту танҳо не, Худо ëрат мусофир!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев