Предыдущая публикация
Эий ҳамватан, ба чуну чаро гиря мекунам.
Дурем аз муҳаббати домони модарон,
Бар модарони даст ба дуо гиря мекунам.
Овораю ғариб, чу мурғи фирориям,
Бо ёди он чаман, ба худо гиря мекунам.
Пайке барои ман хабари хуш намедиҳад,
Дар кунҷи ғусса бесадо гиря мекунам.
Тире ба ёди Меҳанам бар сина мерасад,
Дар торикии орзуҳо гиря мекунам.
Санги бало ба ҳар қадам сӯи мусофир аст,
Аз зарби беасоси бало гиря мекунам.
Пазмони тифлаконаму бо дидаи ба роҳ,
Бар тифлакони чашм ба мо гиря мекунам.
Ҳамчун Набӣ ба синаи бирёну чашми тар,
Бар ошиқони зиндаҷудо гиря мекунам...
---
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев