Предыдущая публикация
ҲАР КУҶОЕ БОШЕД, ХУДОВАНД НИГАҲБОНАТОН БОД!! 🤲❤️
****
Худовандо, ҷаҳонатро нигаҳ дор,
Тамоми бандагонатро нигаҳ дор.
Замона метапад дар панҷаи марг,
Замину х,ам замонатро нигаҳ дор.
Раҳиму меҳрубонӣ, ё Худованд,
Кариму пуртавонӣ, ё Худованд.
Туӣ Шоҳи замину осмонҳо,
Агарчӣ ломакони, ё Худованд.
Назар бар ҳоли зори бандаҳо кун,
Ҷаҳонро пок аз кулли бало кун.
Вабо мағлуб карда одамиро,
Худои чорагар, рафъи вабо кун.
Ҷаҳонро бебало гардон, Худоё,
Замонро пурнаво гардон, Худоё.
Заифу оҷизу бечора гаштем,
Зи ғам моро раҳо гардон, Худоё
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев