🍂Имом Шофиъӣ (Аллоҳ раҳматаш кунад) мефармояд:
Вақте, ки биҳиштиён дохили биҳишт мешаванд ва он дӯстони нек ва солеҳашонро, ки дар дунё доштанд, намебинанд.
Аз Парвардигорашон мепурсанд, ки ЭЙ АЛЛОҲ! Мо дар дунё дӯстоне доштем, ки бо мо намоз мехонданд ва рӯза мегирифтанд. Аммо онҳоро дар инҷо пайдо карда наметавонем.
Аллоҳ (Ҷалла Ҷалолуҳ) мегӯяд ба тарафи ҷаҳаннам (дӯзах) биравед. Ва ҳар касе, ки дар қалбаш заррае имон дошта бошад, онро аз онҷо берун кунед.
🌻Ҳасани Басрӣ (Аллоҳ раҳматаш кунад) мефармояд:
Аз муъминон дӯстони зиёд бигиред, зеро, ки онҳо дар рӯзи қиёмат соҳиби шафоат ҳастанд.
☘Ибни Қайими Ҷавзӣ (Аллоҳ раҳматаш кунад) мефармояд:
Агар маро дар ҷаннат наёфтед, ҷустуҷӯям кунед ва ба Аллоҳ бигӯед, ки Парвардигоро! Фалонӣ туро ба ёди мо меовард.
🔅Ибни Қайим пас аз гуфтани ин сухан гиря кард.
🌷☘🌷☘🌷☘🌷☘🌷☘
🤲Парвардигоро! Ба ман дӯстоне бидеҳ, ки дар ибодати ту бошанд ва маро бо онҳо дар ҷаннат якҷо ҷамъ кун.
🌧🍃🌧🍃🌧🍃🌧🍃🌧🍃🌧🍃🌧
Хоҳарони азиз! Ман як хоҳари имонии шумо аз шумо хоҳиш мекунам, ки агар маро дар ҷаннат наёфтед, ба Аллоҳ бигӯед, ки Парвардигоро! Ин хоҳар моро ба ёди ту меовард. Ӯро ба мо бирасон!
🌱🌱🌱🌱🥀🌱🌱🌱🌱🌱
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2