Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ва тоҷикистониён ниҳоят ҳассосу мушкил ба вуҷуд омада буд, дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд оғоз гардид ва хушбахтона дар ҳамин санаи таърихи ки 16-уми ноябри соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва яке аз корҳои аввалине, ки баҳри таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд, ки дар ҷараёни он иҷлосия қабул карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки иҷлосияи мазкур аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфта дар рӯзномаи он 23 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар иҷлосия 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул шуданд, ки минбаъд онҳо дар ба низом даровардани вазъи сиёсиву ҳуқуқии кишвар, рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Ин иҷлосия заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои расидан ба сулҳу субот ва ба вуқӯъ пайвастани дигаргунӣ ва пешравиҳои азимро дар ҷомеаи Тоҷикистон фароҳам овард. Санадҳои меъёрии қабулшуда минбаъд барои мустаҳкам намудани асосҳои сохтори конститутсионии кишвар, таъмини волоияти қонун ва таҳкими қонуният, гирифтани пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими муносибатҳои хориҷӣ, фаъолияти мунназами мақомоти давлат, аз он ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, заминаи боэътимод гузоштанд ва соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли Президентии идораи давлат, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Мо халқи Тоҷик ва Тоҷикистониёнро зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, авзои кунунии минтақа, таъсири паёмадҳои ногувори раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулотҳои босуръат тағйирёбандаи замони муосир беш аз ҳар вақти дигар атрофи сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, ҷиҳати ҳифз ва нигаҳдошти арзишҳои истиқлоли давлатӣ, дастовардҳои Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили сазовори бузургтарин ҷашни миллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок фаъолият намоем.
Ёдовар мешавем 16 ноябр Рӯзи Президент низ номида мешавад, барои он ки миллат ва давлатро аз нобуди наҷот доданд, ҳамин аст, ки ИҶЛОИҶЛОСИЯИ XVI Иҷлосияи Тақдирсоз низ номида мешавад.
Ҳамватанони азиз ҳамаи шумоёнро бо фарорасии ин санаи таърихи табрику муборакбод мегӯям.
Бо эҳтиром Самандаров Фаридун сФс ✍
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев