Паёмбари гиромӣ (с) бо чанде аз саҳобагон нишаста, суҳбат мекарданд. Суханҳои арзишманду гаронбаҳое, ки аз забони паёмбар (с) садо медоданд‚ ба дили ёронаш роҳ ёфта, онҳоро рӯҳбаланд месохт. Ҳамроҳони паёмбар (с) дар чунин ҳолатхо орзу мекарданд‚ ки суҳбати ӯ бештар идома ёбад. Аз байн бурида шудани суҳбати паёмбар (с) ба онҳо ҳеҷ хуш намеомад. Дар ин миён як гуруҳи қурайшиён ба назди онҳо омада, суҳбатро халалдор карданд. Абӯҷаҳл низ ҳамроҳи онҳо буд. Аз ранги рӯяшон маълум буд, ки бо нияти хуб наомадаанд. Яке аз онҳо ба паёмбари Худо (с) муроҷиат намуда, гуфт:
— Модоме ки даъвои паёмбарӣ мекунӣ, муъчизае нишон деҳ, то ки мо бовар кунем. Масалан, моҳтобро аз миёнаш ду тақсим бикун. Оё метавонӣ чунин кунӣ?!
Аз ин суханҳо ҳолати маъмулии паёмбари Худо (с) тамоман тағйир наёфт. Ӯ оромона ҳамаи даъвогаронро як-як аз назар гузаронда, сипас ба сӯйи моҳтоб назар кард. Дар осмони софу беғубор ситораҳо акнун пайдо мешуданд. Моҳтоб ба хубӣ намудор буд. Он дар миёни осмони софу беабр мисли чароғи пурҷилое равшанӣ мекард.
Паёмбари гиромӣ (с) пурсид:
— Агар ин гуфтаи шуморо ба ҷо оварам, имон меоред?
Аҳли қурайш бе дудилагӣ ҷавоб доданд:
— Албатта, имон меорем. Танҳо ҳамин муъҷизаро нишон диҳӣ, кофист!
Паёмбари гиромӣ (с) аввал ба даргоҳи Худо дуо кард. Сипас аз ҷояш бархоста, ангушти ишоратро ба сӯйи маҳтоб бардошт. Ӯ мисле ки чизеро мебуранд, ба сурати ҳарфи «алиф» ангушташро аз боло ба поён фаровард.
Касоне, ки дар ин лаҳза он чо ҳозир буданд, дар ҳайрат афтоданд. На танҳо мушрикон, балки саҳобагони паёмбар (с) низ тааҷҷуб карданд. Ин муъҷиза дар пеши назари ҳар яки онҳо сурат мегирифт.
Моҳттоб аз миён ду пора шуд. Як пораи моҳ ба болои кӯҳи Абӯкубайс ва пораи дигараш ба болои кӯҳи Кайкаъон рафта, аз хамдигар дур шуданд. Паёмбар (с) ба саҳобагон рӯ оварда, гуфт:
— Шоҳид бошед, шоҳид бошед!
Абӯҷаҳл бо ангуштони даст чашмонашро молида, гаштаю баргашта нигоҳ мекард. Ӯ чӣ кор кардану чӣ гуфтанашро намедонист. Сипас худро ба даст гирифту қавли додаашро фаромӯш карда гуфт:
— Сеҳру ҷодуи ятими Абӯтолиб ба осмон ҳам таъсир кард!
Паёмбари Худо (с) аз ин рафтори ғамгин шуд. Ҳамин вақт пораҳои моҳтоб охиста-охиста ба хамдигар наздик шуданд. Ниҳоят масофаи байни онҳо тамом шуд ва пораҳои моҳтоб ба ҳамдигар часпида, ҳолати пешинаро гирифтанд.
Яке аз мушрикон фарёд баровард:
— Ӯ моро ҷоду кард! Биёед, бубинем, ки оё ин ҳодисаро мусофирони роҳ низ дидаанд ё не? Агар онҳое, ки ҳоло ба Макка меоянд, ин ҳодисаро надида бошанд, пас Мухаммад (с) моро сеҳру ҷоду кардааст. Албатта, ӯ наметавонад, тамоми инсонҳоро ҷоду кунад!
Онҳо ба сари роҳ баромада, омадани корвонро бесаброна мунтазир шуданд. Пас аз чандин муддат корвоне ба шаҳр даромад. Мушрикон бо шӯру талош ба сӯйи корвон давиданд. Аммо вақте ба назди мусофирон расиданд, аз чеҳраву симояшон пай бурданд, ки онҳо низ дар ҳайрату тааҷҷуб афтодаанд. Дар ниҳоят маълум шуд, ки дигарон ҳам ин муъҷизаро бо чашми сар дидаанд. Мушрикон гуфтании дигаре наёфтанд. Дарҳол суханҳои пешинаашонро такрор карданд
— Ин сеҳри ошкор аст! мегуфтанд онҳо. Дере нагузашта ин муъҷиза тавассути ваҳйи илоҳӣ ҳам ба ҳамагон ёдрас гардид. Дар ояти каримаи Куръони Карим омадааст:
«Қиёмат наздик омаду моҳ бишикофт. Ва агар (кофирон) нишонае бубинанд, руй бигардонанду гӯянд: «Сеҳре қавӣ аст» (Сураи Қамар, 54/1-2).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2