Ба ҳар мусулмони озоду болиғ ва соҳибнисоб воҷиб аст, ки дар моҳи Рамазон садақаи фитр бидиҳад. Ба номи ҳар узви хонавода додани 1 килою 622 грам. гандум (ё пули он) воҷиб аст.
Садақаи фитрро сардори хонавода аз номи худаш ва фарзандони хурдаш медиҳад. Агар зан пул дошта бошад, метавонад худаш диҳад. Сардори оила аз номи зан ва фарзандони калонсолаш садақаи фитри онҳоро диҳад, қабул аст. Садақаи фитрро то саршавии намози иди Рамазон бояд адо намуд. Аз ин рӯ ҳар тифле, ки шаби Ид ба дунё ояд, ба номи ӯ садақаи фитр медиҳанд.
Агар садақаи фитрро то хондани намози ид надода бошад, аз гарданаш соқит намешавад. Ба ӯ воҷиб аст, ки баъди Ид садақаи фитрро адо кунад. Садақаи фитрро ба мискин ва фақире, ки закот хӯрданаш дуруст аст, дода мешавад. Ба имоми масҷиде, ки пулу молаш ба нисоб нарасидааст, додани садақаи фитр равост.
Фитр садақаест, ки шахси рӯзадор дар асоси тараҳҳум ва мусулмонии тангдасту ниёзманд медиҳад. Аз ин рӯ беҳтараш онро ба маъюбон, пирони танҳо, беваю ятимон диҳед. Додани садақаи фитр дар дили мардум эҳсоси дастгириву ҳамдардиро фароҳам месозад.
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) дар ҳадисе оиди фазилати садақаи фитр мефармояд. Ҳар касе, ки садақаи фитрашро адо кард, Аллоҳ Таъоло ба он банда даҳ чиз ато менамояд. Аввал, ҷасади он бандаро пок мегардонад. Дуюм, ӯро аз оташи дӯзах озод месозад. Сеюм, рӯзаашро қабул менамояд. Чорум , биҳиштро ба он банда воҷиб мегардонад. Панҷум, он банда аз гӯр эмин бармехезад. Шашум, дар он сол ҳар чизе, ки хайр кунад мақбул мешавад. Ҳафтум, шафоати маро дар ҳаққи он банда воҷиб мегардонад. Ҳаштум, ӯро аз Пули Сирот чун барқ мегузаронад. Нӯҳум, тарозуи аъмоли неки ӯро вазнин месозад. Даҳум номи он бандаро аз девон (дафтар)-и бадбахтон маҳв мегардонад".
Дар ҳадиси дигари он ҳазрат (саллаллоху алайхи вассалам) омадааст:
"Ҳар кӣ садақаи фитрро қабл аз ид адо накунад рӯзаи ӯ байни осмону замин муаллақ меистад. Ҳар гоҳ садақаи фитрро бидиҳад "Аллоҳ Таъоло ба рӯзаи ӯ ду боли сабз ато мекунад ва то осмони ҳафтум парвоз карда ба амри Аллоҳ Таъоло ба қандиле аз қандилҳои Арш нишаста, аз соҳиби худ изҳори ризомандӣ менамояд".
Имом Ҳасани Басрӣ (р) фармудааст: "Агар саҷдаи саҳв нуқсони намозро ислоҳ кунед, садақаи фитр нуқсони рӯзаро таровеҳро ислоҳ месозад. Чунки Худованд ваъда додааст: "Некиҳо гуноҳонро мешӯянд".
Додани садақаи фитр яъне аз воҷиботи ислом аст. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) фармудаанд: «Агар садақаи фитр дода нашавад, моҳи Рамазон, яъне рӯзаи он миёни осмону замин овезон хоҳад монд ва ба мақоми қабул дар пешгоҳи Худованд нахоҳад расид».
Аллома Муртазо Зубайдӣ (р) дар шарҳи «Эҳёу улуми дин» аз шогирди Имоми Аъзам (р) Вокиъ ибни Ҷуроҳ овардааст, ки гуфт: «Закоти фитр барои Рамазон мисли саҷдаи саҳв ҷабри нуқсони намозро мекунад, ҳамон гуна закоти фитр ҷабри нуқсони рӯзаро менамояд».
Ибни Аббос (р) мегӯяд: «Расули Акрам (саллаллоху алайхи вассалам) закоти фитрро муайян ва муқаддару лозимӣ сохт аз ҷиҳати пок сохтану шустани рӯза аз беҳудагиҳо ва аз суханони фаҳшу қабеҳ ва аз ҷиҳати таом пайдо кардани мискинон».
Дар ривояти дигаре омадааст: «Закоти фитр поксозандаи рӯзаи рӯзадор аст, аз бехудогиҳову камбудиҳо, суханони фаҳшу қабеҳ зишт ва ҷалбкунандаи таом аст барои мискинону нодорон. Касе онро пеш аз намози ид адо намояд, пас закоти мақбулеро адо намудааст. Ҳар касе онро пас аз намоз адо намояд, пас он садақае аз садақот маҳсуб мешавад. Яъне, ба мартабаи аввалӣ намерасад».
Дар оятҳои 14-15 сураи «Аъло» омадааст: «Ҳамоно растагор шуд он, ки закоти фитрашро адо намуд ва номи Парвардигорашро ёд карду намози идро гузоранд». Ибни Ҳаҷар дар бораи садақаи фитр нозил шудани ҳамин оятро «собит» донистааст. Чӣ, касе бояд садақаи фитр бидиҳад? Шахси озод, мусулмон, сарватманде, ки ғайр аз чизҳои зарурӣ дар рӯзгор, мисли хона, либос, асосҳои хона (дег, коса, кӯрпача, чойник…) боз он миқдор сарвате дошта бошад, ки ба нисоб расад, садақаи фитр ба ӯ воҷиб мешавад.
Агар шахсе ду хона, ё мошинҳое дорад, ки ба иҷора додааст, ё гилему қолинҳои зиёдатӣ дар девор овезон дорад, ё захираи косаву пиёла ё китобхона дорад (барои зебу зинат) ё телевизиону дастгоҳҳои қимматбаҳо, зару зевар ё чизҳои дигар дорад, ки барои тиҷорат нестанд, аммо агар арзиши онҳоро ҳисоб намоем ба нисоб мерасад. Чунин шахс бояд садақаи фитр бидиҳад ва гирифтани садақа барояш ҳалол нест. Ононе, ки сарваташон аз ин камтар аст, додани садақаи фитр барояшон воҷиб нест. Аммо агар ин гуна афрод садақаи фитр бидиҳанд, савоб хоҳанд гирифт ва агар надиҳанд, гуноҳе барояшон нест.
Сарвари оила аз ҷониби худаш ва тифлаш садақаи фитр медиҳад. Аз ҷониби ҳамсараш фарзандони ба балоғатрасидааш ва тифлаш, ки сарватманд (дар номаш пул дошта) бошад, адо кардан бар зимааш воҷиб нест. Лекин агар ҷавонмардӣ карда бидиҳад, адо меёбад.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев