Предыдущая публикация
Аз ҷабру ситамҳои замона шуда дилгир.
Бо ёди ватан метапад, дил дар қафаси танг,
Ман зиндаҷудоям дар ин шаҳр мусофир.
Чун рисқи ман Оллоҳ бидодаст дар ин шаҳр,
Чи гуна битобам сар аз қисмату тақдир.
Бо сахтиву сарди шуда ман ҳамдаму ҳамсоз,
Шояд пас аз ин ман бишавам марди батадбир.
Ё раб бирасон бар ватани хеш ту манро,
То кай шунавам аз дигарон танаву таҳқир.
Ахсан ба ту Чамшед, ки дар ин ғазали худ,
Ҳоли мани ғурбатзадаро кардаи тасвир.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев