Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти дастоварду пешрафтҳо дар тамоми самтҳо ёддовар гардиданд, ки кишвари мо айни ҳол дар марҳалаи нави тараққиёти худ қарор дорад ва дар татбиқи амалии стратегияву барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Баъдан ба авзои сиёсии ҷаҳон, ки ба таври ғайриинтизор ҳар лаҳза тағйир меёбад, ишора карда, таъкид намуданд, ки дар баробари ҳама гуна ҳаводиси рухдода дар минтақаҳои олам, ки ба низоми муносибати иқтисодӣ, ҳамлу нақли маҳсулот миёни давлатҳо бетаъсир намемонад, бояд тадбирҳои саривақтӣ биандешем.
Роҳбари давлат дар Паёми имсола ба таври густарда барои давраҳои оянда самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатамонро равшан баён намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Ҳамчунин дидани тадбирҳои мушаххас дар самти рушди технологияҳои рақамӣ ва рақамикунонии соҳаҳои мухталиф, тайёр намудани мутахассисони соҳаи технологияи рақамӣ ва пардохтҳои ғайринакдии хизматрасониҳои давлатӣ таъкид гардид. Дар зимн таъсиси муассисаи олии таълимӣ ва факултаҳои дахлдорро дар таълимгоҳи олӣ дар робита ба ин ба маврид донистанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз масъалаҳои меҳварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳарчанд дар марҳилаи аввали давлатдорӣ рушди иқтисодӣ ба таври тадриҷӣ муяссар мегардад, аммо ба ин нигоҳ накарда, Роҳбари ғамхори давлат барои беҳтару хубтар гардидани сатҳи иҷтимои зиндагии мардум ҳамасола тадбирҳои мушаххас менадешанд. Тавре дар Паёми имсола таъкид гардид, маоши кормандони муассисаҳои буҷетӣ ва нафақа аз моҳи сентябри соли оянда боз баланд бардошта мешавад.
Ба як ибора Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро метавон дастурамали зиндагии мардуми шарифамон барои имрўзу оянда донист ва мо муваззаф ҳастем, ки дар чаҳорчўби он амалкарди худро ба роҳ монда, барои ободию сарсабзию пешрафти он содқионаб софдилона талош варзем.
С. Икромӣ
мудири бахши насри ИНТ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев