(Дар партави Паём, қисми 3)
Паёми сенздаҳум. 26 апрели соли 2013.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии худ андешаҳои хешро доир ба ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдориамон ба тариқи зайл хотирнишон месозад.
Ҳадафи якум ва муҳимтарин ин ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ мебошад. Аз ин лиҳоз вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мо ин аст, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем.
Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ ҳисси ватандӯстиву ватандонии мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон ҳадафи дуюм маҳсуб мешавад. Ҷомеаи мо бояд донад, ки ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Дар атрофи ғояи “Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо!” муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи сеюми мо мебошад.
Ҳадафи чорум, ҳарчи бештар густариш додани фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳду ризоияти миллӣ ҳамчун дастовардҳои нодиртарини мардуми Тоҷикистон мебошад. Халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва муҳимтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ва имрӯз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагӣ доранд.
Ҳадафи панҷум, фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар кадоми моро доир ба ҳалли ин масоили ҷавонон дарбар мегирад. Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоистаи мо кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
Ҳадафи шашум, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои халқи куҳанбунёдамон дар шароити ҷаҳонишавист. Мо ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи ҳамдигарро шинохтани фарҳангу тамаддунҳо мухталаф нестем. Баръакс, мо ҷонибдори гуфтугӯи тамаддунҳо ва истифодааз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои дунявии давлати худ мебошем.
Ҳадафи ҳафтум, арҷгузорӣ ва эҳтироми забони давлатӣ, яъне забони зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикист. Зеро забони тоҷикӣ дар баробари дигар мукаддасоти миллии мо рамзи давлатдорӣ, ҳуввияти миллӣ кафили мавҷудияти фарҳанги оламшумул ва мояи ифтихори мо - тоҷикон аст.
Ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар болотару афзал донистани манофеи давлат ва миллат, саъю талоши пайгирона ба хотири таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли миллӣ, чун неъмати бебаҳо ҳифз кардани соҳибихтиёрии Ватан, сулҳу суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва тақвияти иқтидори иқтисодии давлат вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдониву имонии ҳар яки мову шумо ва умуман тамоми халқи Тоҷикистон мебошад.
Паёми чордаҳум. 23 апрели соли 2014.
Вазифаҳое, ки дар паёми навбатӣ доир ба ҳалли масъалаҳои калидӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ барои оянда гузошта шуданд, танҳо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими имкониятҳои иқтисодии он ва, албатта ба хотири боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии халқамон равона гардидаанд.
Пешвои миллат дар анҷоми ироаи паём ба вакилони Маҷлиси Олӣ, ба ҳамаи ширкаткунандагони иҷлосия муроҷиат карда, аз ҷумла чунин гуфт: “Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи арзанда ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост”.
Паёми понздаҳум. 23 январи соли 2015.
Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, институтҳои илмиву тадқиқотии Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳукумати кишвар ба инкишофи бонизоми фарҳанг ва махсусан масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёгӯи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқӣ ва театр таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Вале бояд гуфт, ки бо вуҷуди тадбирҳои то ба ҳол андешидашуда ҳанӯз ҳам баъзе масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили костагии фарҳанги гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа ва гардиши онҳо ба мафкураи бегона мавҷуданд.
Президент дар Паёмашон бори дигар зикр намуданд, ки ”...ман бори дигар хотирнишон менамоям, ки ҳамаи мо барои фардои давлату миллат, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, хулоса барои ояндаи осудаи Тоҷикистон масъулият дорем”.
Паёми шонздаҳум. 22 декабри соли 2016.
Пешвои миллат дар паёмаш чунин таъкид намуд, ки масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои имрӯза пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.
Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани азизамон заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчӣ бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем.
Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебшад, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд. Аз ин рӯ, ҳифзи озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад.
Паёми ҳабдаҳум. 26 декабри соли 2017.
Тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг ба яке аз проблемаҳои глобалии асри XXI табдил ёфта, талабот нисбат ба сатҳи маънавиёти инсон, тарбия ва ташаккули наслҳое, ки вазифаҳои азими бунёди ҷомеаи навин дар даврони соҳибистиқлолии миллати тоҷик ба зиммаи онҳо гузошта хоҳад шуд, торафт меафзояд.
Дар ин марҳалаи муҳим мақсаду вазифаҳои фарҳанг бештар бо масъалаҳои ташаккули маънавиёт, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву муосири халқи тоҷик, баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин дар тафаккури мардум ва махсусан наврасону ҷавонон густариш додани эҳсоси эҳтиром ба муқаддасоти милливу рамзҳои давлатӣ равона мегардад.
Вазифаи муҳимтарини вакилони мардум, аъзои Ҳукумат, роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, ҷавонону бонувон, аҳли зиё ва умуман, хурду бузурги мамлакат аз он иборат аст, ки минбаъд низ саъю кӯшиши худро дар навбати аввал, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон сафарбар созанд.
Паёми ҳаждаҳум. 26 декабри соли 2018.
Пешвои миллат дар ин Паём вобаста ба соҳаи фарҳанг сухан ронда, аз ҷумла чунин мегяӯд: “Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихиву фарҳангии мо, дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад.
Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини эзодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Паёми нуздаҳум. 26 декабри соли 2019.
Президенти муҳтарам дар Паёми навбатӣ, аз ҷумла чунин қайд менамояд: “Мо бояд забони шево ва ширини тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз намоем. Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишони ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забони русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Ин омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на барои худнамоӣ, балки ба мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем.
Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардондани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”.
Олимону донишмандони моро зарур аст, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Мо бояд кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яънеи ориёитабор будани худ ифтихор кунем.
Дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
Пешвои миллат дар фуроварди Паём чунин иброз медоранд: “Ман ба қудрати созандаю офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем”.
Паёми бистум. 26 январи соли 2021.
Ҳадафи роҳбари давлат аз ташаббусҳои нав ба нав баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ваҳдати миллӣ, ҳуввияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Пешвои миллат дар ин Паёми хеш чунин зикр менамоянд: “Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо ба хотири ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва таъмиру нигаҳдории онҳо хеле корҳои созандаро оғоз кардем ва кӯшиш дорем, ки тавассути созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мероси моддиву ғайримоддии кишварамонро ба аҳли олам ҳарчӣ бештар муаррифӣ намоем”. Хурду бузурги мардуми кишвар бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас - истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад. Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи ҳамдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст.
Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатдору давлатсоз, меъмору шаҳсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд. Мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст.
Паёми бисту як. 21 декабри соли 2021.
Паёми навбатии Пешвои миллат дар айёме ироа гардид, ки мардуми кишвар ба 30-солагии Иҷлосияи XVI тақдирсози таърихӣ ҳамаҷониба омодагиҳо мегирифтанд. Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни ин иҷлосияи сарнавиштсоз нахустин қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд. Умуман, бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷик дастоварди бузургтарини мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самомонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем.
Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавишсоз бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид ва минбаъд дар асоси он мо ба ислоҳоти Конститутсия оғоз кардем. Дар моддаи якуми ин ҳуҷҷати тақдирсоз сохти давлатдории навини тоҷикон муайян карда шуд ва Тоҷикистон бо иродаи мардум давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардид.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо - ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад.
Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.
Пешвои миллат дар поёни паём ба ҳамватанони азиз муроҷиат карда чунин гуфтанд: “Як нуктаи муҳимро хотирнишон месозам: модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу ваҳдат, суботи сиёси, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободи табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем”.
Дар маҷмуи ақидаҳои олам, ки миллатро ба истиқлол, ваҳдат, субот, оромӣ ва осудагӣ ҳидоят мекунанд ва рушди мамлакатро таъмин месозанд, идеяи давлати миллӣ, албатта, дар ҷойи аввал мебошад. Ин муқобили эҳсосот ва андешаҳои бегонапарастӣ, хурофотзадагӣ ҳувияти миллӣ пайдо накунад, ба таърихи гузаштаи хеш, эътиқод ва эҳтироми фавқулода нагузорад, маҳз бар давлатдории миллӣ афзалият набахшад, оқибат бозичаи дасти бегонагон хоҳад гашт.
Тоҷикон дар тӯли таърих зиёда аз 13 маротиба (Модҳо, Ҳахоманишишо, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорҳо, Музаффариён) давлатдорӣ кардаанд. Он дар маҷмуъ, беш аз 2236 солро дар бар мегирад. Шикасти ин салтанатҳои бузургу хурд бо хатои мардум, аъён ва ашрофи худи миллати мо сурат гирифтааст. Иллати аслии суқути онҳоро ҷаҳолат ташкил медод.
Давлатдории охирони мо низ метавонист ба вартаи нестӣ ва ин дафъа ба садсолаҳои номаълум ба фано равад. Миллати тоҷикро бори дигар ба ғуломӣ кашад. Онро ҳам сабаб қатъан ҷаҳолат мебуд.
Аммо бо талошҳои ҷоннисоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ин давлат барқарор ва пойдо шуд. Акнун даҳсолаи чоруми он оғоз ёфт. Донишу маърифат асоси пойдории давлати навин эълон гардид.
Ҷавҳари Паёми Пешвои миллат дар соҳаи маориф аз тарбияи инсони худогоҳ, соҳибхирад, эҳёкунандаи фарҳанг ва ифтихори миллӣ, мардони пуркору накукор, муборизу фидокори Ватани мо – Тоҷикистони азиз иборат аст.
Моро лозим аст, ки ҳар як нуктаи Паёмҳои Сарвари давлатро ба назар гирем, баҳри иҷрои он нуктаҳо талош намоем ва ба қавли шоир Ҷумъа Қувват:
Шукри Ваҳдат, шукри давлат, шукри Истиқлоли мо,
Шукри нусратҳои афзун, шукр бар иқболи мо.
Шукри бедории миллат – давлати бедори мо,
Бахт бингар, мешитобад баҳри истиқлоли мо.
Тоҷикистон, бо ҷанубу бо шимолат дилбарӣ,
Файзи ҳамдастии миллатҳост, бас номоварӣ.
Пайки Исмоили Сомонӣ расид аз ҳар канор,
Бо навои обшору бо сафои рӯдбор.
Файзи Ваҳдатро гиромӣ дор, эй бонангу ор,
Тоҷики номовари ман, Рустами майдони кор.
Тоҷикистон, бо ҷанубу бо шимолат дилбарӣ,
Файзи ҳамдастии миллатҳост, бас номоварӣ.
Паёми бисту дуюм. 22 декабри соли 2022.
Давлат ва ҳукумат ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа ҳифзи иҷтимоии илоҳӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Дар ин Паём пешрафту дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои охир ва мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти ҷомеа ва давлат дар ин ҷо баён шуданд ва вазифаҳо барои бартараф намудани онҳо низ муайян гардиданд. Президент чунин таъкид намуданд: “Танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд. Бовар дорам, ки мардуми шарифи сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯстамон аз ӯҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд. Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд”.
Паёми бисту сеюм. 28 декабри соли 2023.
Паёми имсола, ба назари ман, аз Паёмҳои гузашта ба куллӣ фарқ мекунад. Масъалаҳои бисёри мубрам мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор гирифт. Ба масъалаи тарбияи ҷавонон эътибори ҷиддӣ дода шуд. Ҷаноби Олӣ аз ҷумла, чунин изҳор намуданд: «Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд». Дар Паём минҷумла таъкид гардид, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ваҳдат, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Президенти мамлакат ба аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагон муроҷиат карда ҳамаи онҳоро даъват намуд, ки минбаъд низ якҷоя кору фаъолият намуда, кишвари худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯйи Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.
Президент дар Паёми хеш ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват намуд, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем. Дар Паёми хеш Президент аз дилу ҷон ин суханҳоро зикр намуданд: «Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам... Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».
Мақолаи илмии оммавии хешро бо шеъри шоири тозаҷӯй ва сиёсатмадори варзида Абдуллои Раҳнамо ба анҷом мерасонем, ки хело бамаврид ва айни мудаост:
Як саду бис бор қарсак мезанам,
Як саду бис бор мегӯям дуруд!
Ин нишасти содаи солона нест,
Ин Паёми оромони халқ буд!
Як саду бис лаҳза эҳсоси баланд,
Як саду бис лаҳза ашки ифтихор.
Як саду бис бор мегӯям Ватан!
Бе тамаллуқ, бе тамаъ, беихтиёр.
Ин шукӯҳи ҷашни соҳибдавлатист,
Баъди нуҳсад сол занҷиру ситам.
Як саду бис бор мехезам зи ҷой,
Як саду бис бор қарсак мезанам! ...
Қозиён Шариф Қозӣ – мудири кафедраи ҳуқуқи ДДОТ ба номи С.Айнӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, доктори илмҳои сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев