Ҷомеаи башарӣ дар шароити муосир бо рушди илм, техника ва тамаддун тавонист, ки ҷомеаи озод, пешрафта ва мутараққиро бунёд намуда, ба ин васила сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии худро боло барад. Таҳлил тамоми марҳилаи зиндагии инсоният собит менамояд, ки маҳз илм ва мантиқ сабаби рушд ва ба дастовардҳо ноил гардидани ҳар як фард гардидаанд. Аз тарафи дигар таҳлили ҷомеаҳои ақибмонда ва зиндагии инсонҳои заиф нишон медиҳад, ки бесаводиву хурофотпарастии онҳо омили асосии бадбахтиашон гардидааст. Ин, ки хурофотпарастӣ як фард ё гурӯҳи инсонҳо ва ҳатто давлатҳоро ба вартаи ҳалокат мебарад амри собитшудааст. Аз ин ҷост, ки бештари давлатҳо кӯшиш менамоянд, ки бо роҳи донишманд намудани аҳолии худ хурофотпарастиро аз байн баранд.
Хурофот ва хурофотпарстӣ, ки асоси онро бесаводиву ҷаҳолат, боварҳои тахайюлӣ, сафсата, андешаҳои бемаънӣ ва гумроҳиву ифротгароӣ дар бар мегирад, инсонро ба роҳи нодуруст бурда, зиндагии онро торик менамояд. Хурофот дар аксари маврид мардумро гирифтори худ сохта,барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеъ мешавад. Аз нуқтаи назари таълимоти динӣ хурофот чизест, ки аз доираи дин ва аҳкоми он берун аст. Аз нигоҳи илмӣ бошад, хурофот чизест, ки исбот нашуда, бештар бофтаву сохта аст. Хурофот дар фарҳангномаҳо маҷмӯи асотиру қиссаҳо, ривоят, ақидаву тасаввурот ва расму анъанаҳои ботилу беасосеро ифода мекунад, ки ба ақл, донишу маърифат, мантиқ ва воқеият созгор нестанд. Аз ин лиҳоз, хурофотпарастӣ аз пайравии ақидаҳои ботил ва беасос иборат буда, ақоиду боварҳое, ки онҳоро шахси хурофотпараст пайравӣ мекунад, ба дараҷаи фарҳанг ва фаҳмишу дониши он ҷомеа, ки ин шахс фарди он мебошад, ҳеҷ иртиботе надоранд.
Воқеияти кишварҳои дар буҳронҳои сиёсӣ қарордоштаи минтақаҳои алоҳида нишон медиҳанд, ки сабаби асосии ҷангзадагиву қафомондагӣ ин ба хурофотпарастӣ гирифтор гардидани онҳо аст. Дар баробари ин хурофоту ҷоҳилӣ, монеаи рушди давлатҳо гардида, ҷомеаҳои ободро ба вайрона табдил медиҳад. Боиси тассуф аст, ки шахси ба хурофот гирифторшуда, корҳои ғалат ва андешаронии ғалати худро дарк накарда кӯшиш мекунад бо амалҳои хурофотӣ ин ё он кори худро ба сомон расонад. Албатта, маълум аст, ки дар чунин ҳолат амалҳои хурофотӣ наметавонанд мушкилоти чунин шахсро ҳал намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ то кунун тамоми талош ва ҳадафи худро ба он равона сохтааст, ки пеши роҳи хурофоту хурофотпарстиро дар ҷомеа бигирад. Дар ин раванд аз ҷониби давлат маҷмӯи чорабиниҳо ва тадбирҳои самарабахш амалӣ гардидаанд, ки тавонистанд, сатҳи хурофотпарастиро хеле поин барад. Аммо новобаста аз ин, ҳанӯз ҳам дар байни ҷомеа баъзе афроди хурофотпараст мавҷуданд. Ҳанӯз ҳам мушоҳида мегардад, ки баъзе афрод, барои ҳалли мушкилот ба назди нимчамулло ё фолбин рафта аз он барои ҳалли мушкилоташон чора талаб мекунанд. Ё мушоҳида мегардад, ки баъзе афрод аз мазоре ё аз дарахте талаби ҳалли мушкилот менамоянд. Ё баъзе нафарон дар ягон рӯз иҷрои ягон амалро нораво мешуморанд. Албатта, ҳамаи ин хурофотпарастӣ буда, нишонаи бесаводӣ ва ҷоҳилии чунин нафарон аст.
Дар вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир низ танҳо бо доштани донишу маърифати баланд метавон манфиатҳои ҳаётан муҳими давлати худро ҳифз намуд. Аз ҳамин лиҳоз имрӯз ҳар як фарди тоҷикро зарур аст, ки бештар дониш ва илмҳои дунявиро аз худ намуда, сатҳу сифати зиндагии хешро боло барад. Зеро маҳз илму дониш равшангари ҳаёт ва кафолати пешрафти инсон мебошад.
Раҳмонова Б,
таҳлилгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев