Ба даст омадани Истиқлол дар Тоҷикистон ба осонӣ амалӣ нагардид. Аввали солҳои навадум, бо баробари расидан ба Истиқлоли давлатӣ дар кадом варта қарор доштани ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳамагон маълум аст. Ҷангу даҳшат кишварро фаро гирифта, миллат ва ватани мо дар ҳоли нобудшавӣ қарор дошт. Бешубҳа вазъият дар ҷумҳурӣ он солҳо басо тезутунд ва муташанниҷ буд.
Албатта дар як қатор ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ расидан ба истиқлол ва интиқоли қудрат ба таври осоишта сурат гирифта, дар давлатҳои дигар миёни раҳбарони мавҷуда ва намояндагони ба тозагӣ арзи ҳастӣ намудаи созмону ҳаракатҳои мухталиф барои сарварию соҳиби қудрат гардидан, баҳсу мунозира ва норозигиву муборизот авҷ гирифтанд. Ба касе пӯшида ҳам набуд, ки ҷумҳурии мо ба як саҳнаи воқеии бархӯрдҳои ҳамватанӣ мубаддал гашта буд.
Маъмулан, ки ҳар гоҳ низоми сиёсии давлатдорӣ тағйир меёбад, нофаҳмиҳо, норозигиҳо, мухолифатҳо ва ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои сиёсӣ ба миён меояд. Вале хушбахт он миллатест, ки дар ин лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос дар худ фарзандонеро парваридааст, ки роҳи таъмини сулҳ ва якпорчагии миллату давлатро пеш гирифта, дар такя бо мардум ва умедворӣ ва неруҳои зеҳнии миллат, ки метавонанд дар ин кори азим ӯро ҳамроҳӣ кунанд, ба машварат ва тасдиқи қарорҳои судманд мепардозад. Зеро як андешаи солим метавонад чизеро аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшад.
Баъд аз парокандашавии Иттиҳоди Шуравӣ барои мо тоҷикон як марҳалаи ниҳоят ҳассос ва душворе пеши рӯ омад, ки таъмини Истиқлоли давлатӣ ва ислоҳоти дастгоҳои давлатӣ дар як муҳлати кутоҳ, роҳбарияти олии кишваро вазифадор мекард, ки ҳарчи зудтар як ҷаласаи ҳамдигарфаҳмию таъсиргузор ва ояндасозро даъват намояд.
Ҳамин тавр, Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ аз ҷумлаи он иҷлосияҳое мебошад, ки роҳи ояндаи кишвар, пешгирии миллат аз парокандагӣ, интихоби роҳбари оқилу доно ва таъмини амнияти миллиро поя гузошт. Аз ин лиҳоз 16 ноябр, ки Рӯзи Президент низ мебошад, барои миллати тоҷик ҳамчун рӯзи якдилию якдигарфаҳмӣ, рӯзи ҷаҳиши оқилона дар интихоб, эътимод ва созиши давлати миллӣ ба ҳисоб меравад.
Саволе шояд ба миён меояд, ки чаро Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ он замон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанба барпо нагашт? Сабаб дар он буд, ки дар Душанбе дар он айёми пурошӯб гузаронидани иҷлосия ва умуман ягон ҷаласаи дигар имкон надошт. Пойтахт ба арсаи задухурди қувваҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ғоратгарону муштзӯрон табдил ёфта буд. Бар асари амалҳои тахрибии ташкилоти террористии наҳзатӣ тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ гардида, Конститутсия ва дигар қонунҳо зери по шуда буданд. Бисёр шаҳрвандон аз бими ҷон шаҳро тарк карда буданд, чунки ҳеҷ кас амният ва ҳуқуқи онҳоро ҳифз карда наметавонист. Дар мамлакат фазои мудҳишу бенизомиву, бесарусомонӣ, беҳокимиятиву анархия ҳукумфармо буд. Дар чунин шароити тоқатфарсо касе масъулияти бехатарии вакилони мардумро ба худ гирифта наметавонист. Маҳз аз ҳамин хотир иҷлосия на дар шаҳри Душанбе, балки дар Хуҷанди бостонӣ баргузор гашт.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади барқарор намудани сохти конститутсионӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии мамлакат даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳали муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд.
Акнун бо бо гузаштани солҳо бо возеҳияти тамом дарк менамоем, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар сарнавишти миллати мо чи нақши муҳиме бозид ва ба дӯши мо, яъне онҳое, ки бо амри тақдир дар айни ҷанги хонумонсӯз давлатдориро ба даст гирифта буданд, чи масулияти бузурге афтода буд.
Он давра барои таваҷҷӯҳи мардумро ба як нукта бозовардан, ҳамоҳанг сохтани андешаҳову омоли ҷонибҳо, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, моҳияти сулҳу оромиро пайваста гуфтан, барои баргаштани мардуми бехонаву кошонаҳои хеш корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшидан, ва муҳимтар аз ҳама, сиёсати хирадмандонаи Раҳбари давлатамонро дар миёни мардум густариши ҳамаҷониба бахшидан лозим буд.
Тибқи фармудаи Пешвои миллат: "Рисолати сулҳпарварии миллати тоҷик дар пурихтилофтарин давраҳои таърих ва бархӯрди тамаддунҳои гуногун низ ҳамеша ба суботу оромии кишвар равона гардида буд. Миллати мо тавассути фарҳанги таҳаммулгарову башардӯстонаи хеш борҳо давлату ҷомеаи тоҷиконро аз гирдоби марговари бозиҳои зиёди сиёсӣ наҷот додаст".
Акнун мо бояд бо ифтихор таъкид намоем, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ба Сарвари давлат ва роҳбарияти навини мамлакат гардиданд.
Дар рафти Иҷлосияи XVI-ум раҳбарияти тозаинтихоби кишвар масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта тавонист, манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузошт. Ба шарофати роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва бо нияти татбиқи қарорҳои он халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтироми озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва ба мақсади демократикунонии ҷомеа, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона Контитутсияи нави мамлакатро бори нахуст дар таърихи давлатдории навин бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд, ки дар он ҳама дастовардҳои башарият дар бобати озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дарҷ шудаанд. Интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқ ба Маҷлиси Олӣ, таъсиси ҳукумат, ки идомаи мантиқии қарорҳои дар Иҷлосияи XVI қабул гардида мебошанд, ба устувор намудани пояҳои давлатдорӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд.
Оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ сухан ронда, бояд таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризояти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии қарорҳои ҳамин Иҷлосия ва талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ аст. Роҳбарии хирадмандона, самимияти беназири инсонӣ, рӯҳи ванпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматию ҳаракатҳои мардумӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз ҷумла гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ нисбат ба Сарвари давлат аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд.
Ҷаҳду талоши пайвастаи Пешвои миллат ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Роҳи ҳалли масъалаҳои дар Созишнома ифодаёфта сулҳи бебозгаштро дар ҷумҳурӣ таъмин намуд.
Ҳоло мо ифтихор аз он дорем, ки фарҳанги сулҳи тоҷикон барои дигарон намунаи ибрат гардидааст ва аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф шудааст. Таърихи тамаддун ёд надорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар чунин мӯҳлати кӯтоҳ қатъ шуда бошад.
Ин ҳама ба шарофати Иҷлосияи XVI-ум аст, ки роҳи осудагиву созандагии ояндаи кишварро равшан сохт ва заминаҳои устувори сохтмони давлати миллиро асос гузошт.
Хайрулло Раҷабалиев,
сиёсатшинос
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев