Ҷавонон, ки ояндасози давлату миллат ба ҳисоб мераванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш оиди дастгири ҷавонон таъкид менамоянд, ки ҷавонон дар корҳои ҷамъияти ҷалб карда шаванд. Пас ҷавонон бояд ояндасоз бошанд барои ободии кишвар аз самими қалб хизмат намоянд. Нагузоранд,ки душманони халқи тоҷик ба сӯи кишвари мо санги маломат зананд ва бояд рафтор кунанд, ки фардо аз онҳо номи нек боқи монад.
Имрӯзҳо ба ҳаммаи мо маълум аст, ки бо ташшабуси . Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишварамон ҳар гуна курсҳои омӯзиши ва тамоми имкониятҳои омӯзиши барои илм ва касб омӯхтан фароҳам оварад шудааст. Дар шароити имрӯза қувваҳое ҳастанд, ки аз нерӯи бузурги ҷавонон истифода бурда онҳоро барои амали намудани амалҳои ғаразноку нопоки худ истифода мебаранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат ба ҷавонон такия намуда дар Паёми худ қайд намуданд , ки аз ҷавонони кишвар ифтихор мекунанд. Пешвои миллат худ қайд намуданд , ки имрӯзҳо гӯрӯрҳҳои терористиву экстремисти барои даъват ва ҷалб намудани ҷавонон ба сафи худ бо истифода бо технологияи муосири иттилооти роҳу усули навро истифода карда ҷавонони камтаҷриба ва ноогоҳро ба ӯояи тандгарои гумроҳ месозанд. Ба ин хотир мо ҷавонон бояд пайрави ғояҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами худ бошем ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо дури ҷӯем ва чунон, ки Сарвари давлат борҳо таъкид кардаанд зираки сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро маҳз насли наврасу ҷавон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа шинохта шудааст ва ояндаи неки ҳар давлату миллат дар дасти онҳост. Муроҷиати мо ба ҷавонони кишвар ин аст, ки ба суханони хоинонир миллат бовар накарда ҳамеша дар пайи ҳимояти марзу буми кишари худ бошанд.
Вазъи сиёси ҷаҳони имрӯза аз ҷумла давлатҳои Руссия ва Исроилу Фаластин хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам расидааст. Яке аз омилҳои маъмултарин , ки боиси шомил шавил гардидани ҷавонон ба гӯрӯҳҳои ифроти ва даст задани ноболтғон ба қонунвайронкуниҳо мегардад. Таҳлил нишон медиҳад, ки яке аз сабабҳои асосии шомилшави баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои терористи ин паст будани сатҳи дониш маърифат ва ҷаҳонбини онҳо мебошад. Бо бовари комил комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат далери тоҷик иродаи матин дошта на танҳо барои вусъатёби балки роҳ ёфтани тероризм ва ифротгароиӣ дар марзу буми ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул мубориза хоҳанд бурд.
Авазов Ш,
таҳлилгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев