Ҳусейн Ашуров, ки дар Аврупо аз ҷавобгарӣ дар назди қонун панаҳ бурда, имрӯз бо пахшу паҳн кардани наворҳои зиддимиллӣ маълум аст, дар асл кист? Бисёриҳо уро ҳамчун яке аз раҳбарони созмони экстремистии “Гуруҳи 24” медонанд, ки ба таблиғоти ифротгароёна машғул аст.
Аммо ҳар касе агар Ҳусейн Ашуровро дурусттар шиносад, медонад, ки вай аслан як террористӣ дар лагерҳои махсуси хориҷӣ тайёршуда мебошад. Ба сухани дигар ӯ парвардаи терроризм аст.
Замони ҷанги шаҳрвандӣ Ҳусейн Ашурови наврас аз Тоҷикистон аввал ба Афғонистон ва сипас ба манотиқи қабоили Покистон меравад. Дар он ҷо ҳангоми таҳсил дар мадрасаҳои ғайрирасмии динӣ мавриди таваҷҷӯҳи саркардаҳои гуруҳҳои террористӣ қарор мегирад. Ҳамин тавр, уро ба сафи ин гуруҳҳо шомил карда, дар лагери махсуси омодасозии терористон тайёр мекунанд. То ҳадде уро мағзшӯӣ ва омода мекунанд, ки дигар то ҳануз аз раҳи ифротгароию хушунат ва миллатситезӣ барнамегардад.
Ҳамин тавр, имрӯз бо созмони экстремистии «Гуруҳи 24» пайваста, амалҳои нангини зидди давлату миллатро анҷом медиҳад. Иғвогарию ҳангомасозӣ, тафриқаандозӣ ва туҳматпароканиҳои ин ҷиноятпешаи фирорӣ дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ то ҳол давом дошта, вай бо ҳамон усулу прёмҳои асосии аъзоёни ташкилаҳои террористии дигар, махсусан, ТТЭ ҲНИ, аз номи дину ойин сӯистифода карда, ин ё он масаларо дурӯғин ба он рабт медиҳад ва ҳарзаҳои бофтаи худро иброз менамояд.
Маълум аст, ки аъзоёни ташкилаи террористии “Гурӯҳи 24” мехоҳанд бо дасисаангезӣ, тафриқаандозӣ ва ташвиқу тарғиб намудани ғояҳои ифротиву террористии эҷоднамудаи худ, ҷавононро дар бунбасти фикрӣ қарор диҳанд, ва баъдан, бо баҳонаи “пуштибонӣ аз дину мазҳаб” онҳоро ба доми худ афтонанд ва мағзшӯйи намоянд.
Ҳусейн Ашуров зимни баромадҳояш такрор ба такрор ғояҳояи радикалӣ ва ифротии гурӯҳи экстремистии худро тарғибу ташвиқ менамояд. Ӯ кӯшиш мекунад, ки худро ба сифати як шахсияти миллӣ ва мардумӣ ҷилва диҳад. Аммо ин дар ҳолест, ки аз ҷиноятҳои содир намудаи созмони ифротии “Гурӯҳи 24” ҳама ба хубӣ огоҳанд.
Ҳусейн Ашуров дар сӯҳбатҳои худ, ки дар канали ютубиаш нашр мегарданд, фаъолияти дигар ташкилаҳои террористӣ ва ғояҳои онҳоро, ки ба амнияти тамоми кишварҳои сайёра хатар эҷод мекунанд, тарғиб мекунад. Тамоми пайравони “Гурӯҳи 24” ба монанди пайравони дигар гурӯҳҳои террористӣ душманӣ ба илму дониш, фарҳангу маърифат ва эҷодкорӣ доранд. Инкор намудани фарҳангу арзишҳои волои зиндагии инсоният ва баръакс густаришу ривоҷ додани ғояҳои ифротиву террористӣ дар ҷавҳари фаъолияти зиддибашаронаи аъзоёни ташкилаи ифротгарои “Гурӯҳи 24” мехобад. Гуфтан мумкин аст, ки канали ютубии вай ҳамчун дастгоҳи таблиғотии терроризму эктремизм ба тамоми инсоният хатар дорад.
Раҳими Ҳошим,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев