17-18 декабр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи «Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисод» аз ҷониби Минтақаи озоди саноатии Мокуи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар якҷоягӣ бо Институти байналмилалии конвергенсияи фарҳангҳо конфронс баргузор шуд.
17-18 декабр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи «Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисод» аз ҷониби Минтақаи озоди саноатии Мокуи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар якҷоягӣ бо Институти байналмилалии конвергенсияи фарҳангҳо конфронс баргузор шуд.
Тавре ба «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар конфронс муовини якуми Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насимҷон Анваров дар мавзуи «Нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон» маъруза намуд.
Дар конфронс масъалаҳо вобаста ба густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон, иштироки фаъол дар намоишгоҳҳои ҳарду давлат, афзоиши ҳаҷми савдои хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имконияти васеи истифодаи роҳҳои транзитии мамлакат барои ворид шудан ба бозорҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Пештар дар хабарҳо омада буд:
Мақомдори эронӣ гуфт, ки содироти Эрон ба Тоҷикистон дар солҳои гузашта, ҳудуди 80 миллион доллар буд ва дар ҳоли ҳозир ба ҳудуди 280 миллион доллар расидааст.
Узви ҳайати утоқи муштараки Эрон Муҳаммади Донишӣ гуфт, ки Тоҷикистон 10 миллион ҷамъият дорад ва 90 дарсади ин ҷамъиятро мусулмонон ташкил доданд, ҳамаи колоҳои содиротии Эрон ба Тоҷикистон, оҳанолот, кафш, дору, лавозими осонсур, кейку кулуча, кошӣ, санг, мева, хурмо, маводи хӯрокӣ ва ширихушк аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Тасним”. https://tajikpress.com/2024/12/20/%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%b3%d1%83%d0%b7%d0%be%d1%80%d0%b8%d0%b8-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%b8%d1%88%d0%b8-%d0%bd%d0%b0%d2%9b%d1%88%d0%b8-%d0%b4%d0%b8%d0%bf%d0%bb%d0%be%d0%bc%d0%b0%d1%82%d0%b8%d1%8f/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев