Манобеи давлатии Ғазза, бо эъломи ин ки аз 64 рӯз қабл токунун дар ҷараёни ҳамалоти ваҳшиёнаи режими ишғолгари Исроил алайҳи шимоли Ғазза, 4 ҳазор нафар дар ин минтақа қатли ом шудаанд, таъкид карданд ки ҳатто имкони наҷоти пайкарҳои шаҳидон дар хиёбонҳо нест ва сагҳо ин пайкарҳоро пароканда мекунанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, дар ҳоле ки беш аз ду моҳ аз таҷовузоти ваҳшиёна ва муҳосираи золимонаи режими саҳюнистӣ алайҳи шимоли навори Ғазза мегузарад, доктор Мунири Ал-бураш мудири кулли Вазорати беҳдошти Фаластин дар Ғазза бо ишора ба ҷиноёти ваҳшиёнаи режими ишғолгар дар ин минтақа эълом кард, ки Ғазза чеҳраи зишту ҷинояткори душмани саҳюнистиро барои ҳамаи ҷаҳониён фош кард.
Сагҳо дар шимоли Ғазза пайкарҳои шуҳадоро кароканда мекунанд
Доктор Мунир бо баёни ин ки дар шимоли навори Ғазза, пайкарҳои бисёре аз шуҳадо ҳамчунон зери овор ва ё дар хиёбонҳо мондааст, гуфт: пайкарҳо дар хиёбонҳо мондаанду сагҳо дар ҳоли хӯрдани онҳо ҳастанд ва мо наметавонем ҳатто пайкарҳои шуҳадоро наҷот диҳем.
Вай афзуд: Он чи ки дар шимоли Ғазза иттифоқ меафтад, беш аз ду моҳи гузашта токунун мунҷар ба шаҳодат ва бедарак шудани беш аз 4000 нафар шудааст. Неруҳои ишғолгар ба мошинҳои ёрии таъҷилие, ки барои наҷоти маҷрӯҳон талош мекунанд тирандозӣ ва ҳамла мекунанд.
Мудири кулли Вазорати беҳдошти Ғазза изҳор дошт: Режими ишғолгар монеи расидани дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Ғазза мешавад. https://tajikpress.com/2024/12/12/%d2%b7%d0%b8%d0%bd%d0%be%d1%8f%d1%82%d2%b3%d0%be%d0%b8-%d0%b4%d0%b0%d2%b3%d1%88%d0%b0%d1%82%d0%bd%d0%be%d0%ba%d0%b8-%d1%81%d0%b0%d2%b3%d1%8e%d0%bd%d0%b8%d1%81%d1%82%d2%b3%d0%be-%d1%88%d0%b8%d0%bc/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев