Намояндаи Фаластин дар ҷаласаи Шӯрои Амният гуфт, ки посухгӯ нашудан режими ҷинояткор ва кӯдаккуши саҳюнистӣ тавассути созмонҳои ҷаҳонӣ, боиси густариши ҷанг ва тадовуми куштори ғайри низомиён аст.
Риёз Мансур, намояндаи ташкилоти худгардони Фаластин дар Созмони Милали Муттаҳид шомгоҳи чаҳоршанбе дар бораи ҷиноёти режими палид ва кӯдаккуш ва террористи саҳюнистӣ дар Навор Ғазза ҳушдор дод.
Риёз Мансур тайи суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт: «Режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил муртакиби ҷиноёти ваҳшиёна шуда ва ба касоне, ки онҳоро мустанадсозӣ карданд, аз ҷумла Фоди Ал-Ваҳидӣ, рӯзноманигори Алҷазира ҳамла мекунад».
Шабакаи «Алҷазира» ба нақл аз вай гузориш дод: «Адами посухгӯ кардани режими Исроил тавассути Созмонҳои байналмилалӣ, боиси густариши чархаи ҷанг ва идомаи куштори ғайри низомиён аст».
Ин дипломати фаластинӣ изҳор дошт: «Мо аз нотавонии ҷаҳон дар маҷбӯр кардан режими Исроил ба иҷрои қатъномаҳои оташбас дар Навори Ғазза ранҷ мебарем».
Тибқи ин гузориш, Риёз Мансур ҳамчунин афзуд: «Режими ҷинояткор ва кӯдаккуши Исроил ба тимҳои пизишкӣ ҳамла мекунад то Фаластиниҳоро аз ҳаргуна ҳифозат ё муроқибат маҳрум кунанд».
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев