нафари аввал дар чиҳилу ҳафтумин мусобиқоти баййналмилали Қуръони Карим
Дар ин марҳала аз мусобиқот маҷмуан 74 нафар дар бахши миллӣ ва 20 нафар дар бахши байналмилал ҳузур доштанд. Бахши байналмилал барои аввалин бор баргузор шуд.
42 нафар аз ширкаткунандагони бахши милли дар гурӯҳи бонувон ва 32 нафар дар гурӯҳи оқоён ҳузур доштанд. Ҳамчунин дар бахши байналмилал 12 нафар дар гурӯҳи оқоён ва ҳашт нафар дар гурӯҳи бонувон ба рақобати бо ҳам пардохтанд.
Бо поён ёфтани ин мусобиқот нафароти бартари риштаҳои мухталиф дар ду гурӯҳи бонувон ва оқоён мушаххас шуданд. Ин афрод дар маросими ихтитомия, ки субҳи рӯзи панҷшанбе 26 декарб баргузор шуд, мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд.
Нафароти бартари бахши байналмилали (риштаи маорифи Қуръони карим) ба қарори зер мебошанд.
Саломуддин Муҳаммадамин аз кишвари Тоҷикистон рутбаи аввал
Ҷаъфар Тароверӣ аз кишвари Молӣ рутбаи дувум
Алиоқо Сафарӣ аз кишвари Афғонистон рутбаи севум
Мегаҷи Алӣ Румот аз кишвари Нигерия рутбаи чаҳорум
Сайидасадуллоҳи Асғарӣ аз кишвари Афғонистон рутбаи панҷумро дар ин мусобиқот касб карданд. https://tibyon.com/%d1%88%d0%b8%d1%80%d0%ba%d0%b0%d1%82%d0%ba%d1%83%d0%bd%d0%b0%d0%bd%d0%b4%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba-%d0%bc%d0%b0%d2%9b%d0%be%d0%bc%d0%b8-%d0%b0%d0%b2%d0%b2%d0%b0%d0%bb%d1%80%d0%be/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев