Китобхонаи миллии Санкт-Петербург, маҷмӯаи ёдбуди Игнатий Крачковский, шарқшинос ва мутарҷими русии Қуръони Каримро дар фазои ҷудогона ифтитоҳ кард.
Денис Тсипкин, раиси китобхонаи миллии Санкт-Петербург мӯътақид аст, ки маҷмӯаи ёдбуди Игнатий Крачковский ба тавсеаи ҳамкории байникитобхона ва муассисоти шарқшиносӣ дар Федератсияи Русия ва хориҷ аз кишвар кумак хоҳад кард.
Муфтӣ шайх Ровил Айнуддин, раиси идораи динии мусулмонони Русия ва Шӯрои муфтёни ин кишвар дар бахше аз паёми худ гуфт: Игнатий Крачковский, нахустин мутарҷими Қуръон ба забони русӣ буд; Дар шароити илҳоди давлати даврони Шӯравӣ ва дӯрӣ аз мероси мазҳабӣ, тарҷумаи ӯ ба китоби маҳбуби миллионҳо хонаводаи русӣ забони ҷаҳон аз кишварҳои Балтика то Владивасток табдил шуд.
Вай афзуд: Аз Крачковский ба унвони пули фикрӣ, ки суннати шарқшиносии Русия пеш аз Инқилобро бо шарқшиносии модерн дар даврони Шӯравӣ пайванд медиҳад, метавон сӯҳбат кард. https://tibyon.com/%d0%b8%d1%84%d1%82%d0%b8%d1%82%d0%be%d2%b3%d0%b8-%d0%bc%d0%b0%d2%b7%d0%bc%d3%af%d0%b0%d0%b8-%d1%91%d0%b4%d0%b1%d1%83%d0%b4%d0%b8-%d0%bc%d1%83%d1%82%d0%b0%d1%80%d2%b7%d0%b8%d0%bc%d0%b8-%d1%80%d1%83/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев