Бояд ёдовар шуд, ки тарбия яке аз масъалаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоӣ ба шумор рафта, аз ҳалли дурусти он пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа вобаста аст. Аз ин сабаб бояд тарбияро аз овони хурдсолӣ яъне аз кӯдакистон бояд шуруъ кард. Мураббиёни кӯдакистонҳо бояд мунтазам биомӯзанд, донишу маҳорати худро такмил бахшанд ва аз усулҳои таълиму тарбияи муосир васеъ истифода баранд. Аз асосҳои фанҳои педагогикаю психология ва методикаи таълиму тарбия бохабар будани кормандони муассисаҳои томактабӣ муҳим ва гарави асосии комёбии онҳову такмили фаъолияти кӯдакистонҳост. Дар муассисаҳои томактабӣ дар шумори самтҳои дигари омӯзишу парвариш ба тарбияи ватандӯстии кӯдакон бояд таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир кард. Тамоми намудҳои тарбия аз кӯдакистон сарчашма мегиранд. Вазифаи мураббияҳо дар кӯдакистон аз он иборат аст, ки бояд бикӯшанд то машғулиятҳояшон аз воситаҳои гуногун ва бамавриду пурсамар иборат бошанд ва диққати кӯдаконро ба омӯзиш вусъат бахшанд. Барои самаранок гаштани машғулиятҳо мураббияҳо бояд аз ҳикояву афсона, шеъру суруд, аёниятҳои гуногун, намоишҳои видеоӣ ва монанди инҳо васеъ истифода менамоянд. Таҷриба бозгӯи он аст, ки дар машғулиятҳо бо кӯдакон истифода аз намунаҳои эҷодиёти мардумӣ-фолклор (эҷодиёти шифоҳии халқ) натиҷаҳои дилхоҳ ба бор меоварад. Эҷодиёти мардумӣ тарғибгари некию накукорӣ, дӯстию рафоқат, меҳру муҳаббат, далерию шуҷоат ва зебоию тавоноӣ мебошад. Қаҳрамонони афсонаю шеърҳои халқӣ одамони ватандӯст, хушкирдор ва шарафманданд. Онҳо қувваҳои некиро дастгирию тарғиб менамоянд ва аз неруҳои бадӣ барҳазаранд.
Қобили зикр аст, ки дар эҷодиёти мардумӣ афсонаҳо мавқеи калон доранд. Ин жанри фолклорӣ ба дарку фаҳми кӯдакон ва ба шавқи онҳо басо мувофиқ аст. Дар афсонаҳо бештар устуворию далерӣ, паҳлавонӣ ситоиш мегардад. Ин хислатҳоро ҳар як кӯдак дар дил мепарварад. Афсонаи машҳури «Эраҷи тилисмшикан» намунаи барҷастаи талқини диловарию шуҷоатмандӣ мебошад ва дар тарбияи маънавии кӯдакон нақши муассир дорад. Чун ин афсона дар эҷодиёти мардумӣ намунаҳои зиёде мавҷуданд, ки кудаконро бо онҳо ошно намудан барои рушди шахсияти онҳо басо муҳим хоҳад буд.
Мавриди зикр аст, ки дар мактаби таҳсилоти миёна бошад, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳангоми баргузории дарсҳо бояд ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии мавзӯъҳо диққати махсус диҳад. Ҳамчунин, дар машғулиятҳои тарбиявӣ, зимни тавзеҳу тафсири мавзӯъҳои пешниҳодшуда кӯшиш кунад, то шогирдон бо дарку фаҳмиши худ хулосаҳои дуруст бароранд ва рафтору амали хубро аз бад фарқ карда тавонанд. Барои ба ҳадафҳои худ расидан, машғулиятҳои тарбиявиро бо ҳаллу фасл ва баррасии мавзӯъҳое, аз қабили «Адаб», «Одоби наку», «Дар баёни ҳурмати падару модар», «Пиронро ҳурмат кунем», «Қадр кунӣ-қадр бинӣ” ва ғайра ба роҳ монад. Мусаллам аст, ки домани масоили тарбиявию ахлоқӣ хеле васеъ буда, хонанда бояд ҳурмати меҳмон, шартҳои меҳмондорӣ, тарзи салом додан ва одоби саломро донад, ҳамзамон, тартиби хӯрдани таом, ҳурмати нонро ёд бигирад. Дигар омил, ки ба тарбиявии маънавии шогирдон таъсири файзбахш мерасонад, ин одоби мутолиа ва дӯст доштани китоб маҳсуб меёбад. Инчунин, дар синфҳои 3-4 хонандагон бояд одоби таҳсил дар мактабро аз худ кунанд, роҳҳои илму донишомӯзиро ҷустуҷӯ ва бо кумаки омӯзгор ёд гиранд. Инсон ҳамон вақт ба камолоти маънавӣ мерасад, ки тамоми хислатҳои неку баргузида, чун меҳрубонӣ намудан ба парандаю ҳайвонот, дӯст ва муқаддас доштани чор унсури ҳаёт-об, хок, оташ ва бод, тозаю озода будан, ҳамеша ба варзиш машғул шудан, насиҳати калонсолонро гӯш намудан ва ғайраро дар ниҳоди хеш ҷой карда бошад.
Дар мавриди тарбияи ҷавонон бошад, бояд инро ёдовар шуд, ки тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, расму оини пешқадами ниёгон ва мероси ахлоқии гузаштагон, яке аз амалҳои муҳимми волидайн ва омузгорон ба шумор меравад. Аз тарафи дигар ин яке аз талаботи муҳимми Консепсияи миллии тарбия аст. Агар нигоҳе ба таърих андозем, чунин ба назар мерасад, ки бузургону хирадмандони тоҷик бо заҳмату талоши пайвастаашон тавонистанд, ки бароямон як фарҳанги волою ғанӣ ва инсонсозро ба мерос гузоранд. Ин фарҳанг чун ҳикмати ҳаётӣ саропо хайр аст, парчами хирадварзӣ, башардӯстӣ, эътиқод, сулҳу дӯстӣ ва ободию осудагӣ фаровонии неъматҳои зиндагист. Ҳамчунин ин фарҳанг шиносномаи миллии мост, ки тавассути он чеҳраи аслии анъанаю суннатҳои миллии мо, бузургии ҷашнҳои бостонии моро ҷаҳониён эҳсос ва дарк намудаанд. Ҷашнҳои арзишманди миллии тоҷикон баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, орзую ормон, расму оин, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии онҳоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки Консепсияи миллии тарбия сиёсати кунунӣ ва дурнамои давлатро дар соҳаи тарбияи миллии оммаи васеи аҳолӣ, махсусан насли наврас, таълиму тарбияи фарзанд муайян месозад. Он моҳият, мақсаду вазифаҳо ва мазмуни тарбияи миллиро дар марҳилаи нави таърихӣ ба танзим оварда, нақш ва мақоми онро дар ташаккули шахсияти инсони комил муайян мекунад, ки яке аз вазифаҳои муҳими имрӯзу ояндаи давлат ва ҷомеа дониста мешавад. Тарбияи наврасону ҷавонон, вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ва муассисаву ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошад. Барои он ки қонуну тартиботи ҷамъиятӣ то меъёри муайян риоя карда шавад, бояд робитаи падарону модарон ба он ниҳодҳои иҷтимоие, ки фарзандонашон дар онҳо таҳсил доранд, мустаҳкам карда шавад.
Дар хулоса бояд гуфт, ки маҳз ҷавонони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан ҳам тафаккури созанда доранд, метавонанд тақдири ояндаи давлату миллат ва ҷомеаро муайян намоянд.
Б. Дидавар,
пажуҳишгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев