Бадтарин ҷинояткор он аст, ки дар раванди ҷиноятҳои худ аз бовару эътиқоди мардум суиистифода мекунад. Чунин инсонҳо ҳеҷ вақт ҳамақидаи мардуми эътиқодманд набуданд ва хаҳоханд буд. Вале онҳо худро диндору эътиқодманди сахт вонамуд карда, ҳамеша мекӯшанд аз ин чеҳраи қалбакии худ истифода карда, мардумро ба худ ҷалб созанд. Дар баробари ба чанги худ афтонидани кадом як ҷавони бетаҷриба ба осонӣ аз хуну моли вай истифода мекунанд. Чунин ҷинояткорон ягон сифати инсонӣ надошта, як ҳайвони дарандаи хунхорро мемонанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки аъзои фирории гурӯҳи ифротии наҳзатӣ аз ҷумлаи чунин бадтарин ҷинояткорон ҳастанд. Онҳо зиёда аз сӣ сол шуд, барои расидан ба аҳдофи шуми худу хоҷагони хориҷиашон аз бовару эътиқоди мардуми мусалмон суистифода мекунанд. Чунин амалҳои зиддиинсонӣ ва зиддидинии онҳо дар ин муддат ҷони зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро рабудааст. Вале ин ҳайвонони хунхор аз ин дарёи хуни инсонҳои бегуноҳ сер нашудаанд ва ҳоло ҳам кӯшиш карда истодаанд ҷиноятҳои нави худро дар кишгвари мо амалӣ созанд.
Дар миёни ин бадтарин ҷинояткорони наҳзатӣ шахси ифротиву қаллобе бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин вуҷуд дорад. Ин қаллоби ифротӣ кӯшиш мекунад, дар паҳнсозии маълумоти бардурӯғ ва туҳмату таҳқири шаҳрвандони Тоҷикистон, аз дигар ҳамтоёнаш пешқадамтар бошад. Ин чоплуси хоҷагони хориҷии наҳзатиён нангу номуси худро кайҳо аз даст додааст ва метавонад бе ягон азоби виҷдон ҳар сухани баду дурӯғи ба истилоҳ “шохдор”-ро дар фазои маҷозӣ паҳн созад. Дар ин худнамоиҳои худ беиқболи наҳзатӣ аз дину мазҳаб ва эътиқоди мардум хеле зиёд истифода мекунад. Барои ин бешараф ягон муқаддасот вуҷуд надорад. На ба муқаддасоти динӣ эҳтиром дорад ва на ба муқаддасоти миллӣ.
Дар доираи ҳамин ҷиноятҳои бади худ беиқболи наҳзатӣ ахиран аз даромадани моҳи шарифи рамазон суистифодаи бешарафона кардааст. Вай табрикоти чеҳраҳои шинохтаи кишвари моро шунида, бар зидди чунин амалҳои нек мақола навиштааст. Ба ҷойи парҳез кардан аз паҳнсозии дурӯғу туҳмат, дар фазои маҷозӣ, дар ин моҳи шариф, беиқболи наҳзатӣ қоидаҳои рафтор дар ин моҳро зери пой гузошта, ҳамон амалҳои бади худро такрор кардааст. Ин далели он аст, ки беиқболи наҳзатӣ ба ин моҳи шариф эҳтиром намегузорад. Ҳамаи лофзаниҳои вай дар ростои дину диндорӣ танҳо барои фиреби мардум будааст. Чунин шахси бешараф наметавонад худро хизматгори мардум тасаввур кунад. Вай барои чанд пули ҳаром шуда ғуломи ҳалқабаргуши хоҷагони хориҷии наҳзатиҳо шудааст.
Хулоса, беиқболи наҳзатӣ ҳаргиз ба қонуну қоидаҳои диниву инсонӣ пойбанд набуд. Ҳоло ҳам дар кишварҳои аврупоӣ суннати деринаи наҳзатиёнро иҷро карда истодааст. Вай мехоҳад бо суистифода аз муқаддасоти диниву мазҳабӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистон тафриқа андохта, кишвари моро ба хоку хун кашад. Дар чунин ҳолат наҳзатиҳо бо пуштибонии хоҷагони хориҷии худ ба майдон ворид шуда, хуни тоҷиконро дубора мерезанд ва дороии кишвари моро аз худ мекунанд. Аммо имрӯз давлати тоҷикон қавӣ аст ва намегузорад, ки наҳзатиён дубора кишвари моро хароб созанд. Ин ҷинояткорони наҳзатӣ орзуи худро ҳеҷ вақт амалӣ карда наметавонанд.
Шарифов И,
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев