Яке аз муваффақиятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири давлатсозию давлатдорӣ маҳз дар ҷасорату матонат ва устуворию қавииродагии ӯ нуҳуфтааст.
Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба монанди дигар шахсони давлатсоз зимоми давлатдориро замоне ба ӯҳда гирифтанд, ки пояҳои истиқлоли давлатӣ фалаҷ гардида буданд, кишвар дар оташи ҷанг месӯхт, гурӯҳе аз аҳолии кишвар тарки меҳан карданд, гурӯҳи дигарро бераҳмонаю ваҳшиёна мекуштанд, гурӯҳи сеюм, ки занону кӯдакон буданд, беваю ятим монда буданд ва умуман, миллату меҳан хун мегирист.
Дар чунин вазъи ногувору хатарзо, ки умед ба фардо аз ақлу ҳуши мардум парида, корвони тақдири миллату меҳан дар биёбон раҳгумзада ва ё киштии тадқдири он дар миёни амвоҷи пуртӯғён андар ҳоли ғарқ буд, шахсе лозим буд, ки он умеди барбодрафтаро баргардонад, сорбоне шавад, ин корвонро аз гумроҳӣ ба манзил бирасонад ва киштироне гардад, ки онро аз ҳоли шикасту ғарқшавӣ нигоҳ дорад.
Ҳукумат зуд-зуд тағйир меёфт, роҳбарони садри аввал тез-тез иваз мешуданд ва вазъият рӯз ба рӯз бадтару мушкилзову хатарнок мегардид. Қувваҳои бадхоҳи берунӣ тавассути хиёнаткорону душманони худӣ амалҳои террористию экстремистонаро бештар анҷомида, халқи тоҷикро террору талаву тороҷ мекарданд.
Рӯҳонияти ба сиёсат пайвастаи вақт, ки террористони наҳзатӣ буданд, нақшаҳои нопоки хешро мунтазам амалӣ карда, рӯз то рӯз ба ҳадафҳои нопокашон наздик мешуданд.
Ҳамчунин, ин палидону разилон, ки душманони ашадии таъриху тамаддун ва илму фарҳанги миллии моянд, дар баробари ҷанги таҳмилкардаашон, ба оташи он равған мерехтанду аз фурсат истифода карда, теша ба решаи миллат мезаданд ва мардумро аз фарҳанги миллии хеш дур месохтанд.
Аз ин рӯ, меҳан дар даруни алангаи оташ месӯхту миллат дар чорроҳаи гумроҳию нокуҷоободӣ қарор дошт. Касе ба касе эътимод надошт, қадру қимати инсонӣ аз байн рафта буд ва садҳо шахсиятҳои шинохтаву ҳазорон мардуми одӣ ҷисман нобуд карда шуданд. Умуман, миллатро парокандагию меҳанро азбайнравӣ таҳдид мекард ва ба марҳилаи ниҳоиву нуқтаи кулминатсионӣ хеле наздик омада буд.
Хушбахтона, ба бахти баланди миллати тоҷик, дар ҳамин лаҳазот шахсияте ба арсаи сиёсат қадам гузошт, ки муборакқудум гардид. Ӯ чун дилсӯзу ғамхори халқ, миллатдӯсту меҳанпарасти асил ва ҷавонмарди далеру ҷасур буд, нисбат ба тақдири миллату ояндаи давлат бетараф бунданро ба шахсияти хеш муносиб намедонист.
Ҳамчунин, он амалҳои даҳшатборе, ки душманону бадхҳони миллату меҳан, тавассути хиёнаткорони худӣ ба сари мардуми мо таҳмил мекарданд, ҳар фарди огоҳу бедорро хун мегирёнд.
Вале барои пеширии хунрезӣ, хомӯш кардани оташи ҷанг, ба Ватан баргардонидани гурезагон, сарварӣ кардан ба халқи раҳгумзада, парасторӣ намудан ба ятимон, таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ, бартараф кардани оқибатҳои ҷанги хонумонсӯз ва дубора эҳё кардану ба самти рушд равона кардани соҳаҳои харобгардида шахсияте лозим буд, ки ин ҳамаро бар ӯҳда бигирад.
Ин баӯҳдагирифтанҳо аз худ гузаштанҳо, ҷонфидоиро талаб мекард. Бидуни муболиғаву таҳриф, ҳамин гуна шахсият дар ин марҳилаи ниҳоят мураккаб Пешвои миллат мебошанд, ки аввалин суханашон “Ман барои Шумо сулҳ меорам...” буд.
Ҳамин тавр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, он ҳама камбуду норасоиҳои болозикрро марҳила ба марҳила ислоҳу бартараф намуда, миллатро аз парокандагию меҳанро аз нобудӣ наҷот бахшиданд, балки дар масоили муҳим ташаббускору пешгоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардиданд.
Аз ин ҷост, ҷомеаи ҷаҳонӣ Сарвари давлати моро яке аз ҳомиёни асосии сулҳу ваҳдат ва ҳамзамон, муборизони воқеӣ алайҳи терроризму экстремизм мешиносанду эътироф менамоянд.
Ҳанӯз аз солҳои аввали давлатдорӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмини сулҳу субот ва ваҳдату якпорчагии сартосарӣ дар кишвар, ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, диққати махсус зоҳир менамоянд.
П. Баҳриддинзода,
пажуҳишгар
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев