Фаъолияти тахриботии Муҳаммадиқболи Садриддин нишон медиҳад, ки ташкилоту созмонҳои террористию ифротӣ ҳаргиз дигар намешаванд ва аз раҳи хушунату зуроварӣ барнамегарданд. Ин гуна гурӯҳҳо ҳамеша ҳадаф доранд, ки низоми дунявию демократиро дар кишварҳо аз байн бурда, сохти теократии асримиёнагиро бо роҳи зурӣ бунёд намоянд.
Ташкилоти террористии наҳзат аз чунинҳост, ки аз бунёдаш ифротиву тахрибгар ва таҳаммулнопазиру фашистӣ мебошад. Саркарда ва масъулини ин гурӯҳи табоҳкор ҳамеша бо дигарандешону намояндагони мазҳабу боварҳои дигар дар мухолифату низоъанд. Чунон тангназару ҷоҳиланд, ки худро ҳамеша дар мавқеи ҳақиқати мутлақ ва дигаронро бадандешу ноҳақ мешуморанд. Тобу тоқати дидану шунидани дигарандешонро надоранд.
Ҳамеша қатлу ҷиҳод хамирмояи идеологияи онҳо буда, таъқибу куштори дигарандешро амали дуруст меҳисобанд. Аз ин ҷиҳат, ақида ва амалҳои ин тоифа бо идеология ва амалҳои фашистӣ якрангу ҳамсон аст. Масалан, чанде пештар яке аз масъулини ифротгарои наҳзатӣ – Муҳаммадиқболи Садриддин зимни суханрониаш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ одамонро ошкоро ба содир кардани кирдорҳои зиддимиллию зиддидавлатӣ даъват карда, мегуфт, ки «агар дар ин роҳ касе кушта шуд, шаҳид мегардад».
Аз ин пештар худи саркардаи наҳзат дар чанд мусоҳибааш гирифтани силоҳ ва бурдани муборизаи мусаллаҳонаро бар зидди давлату миллати тоҷик амали дуруст ҳисобид. Яъне суханони худи масъулону раҳбарони наҳзат як неруи зиддимиллию фашистӣ буданашонро исбот мекунад.
Дар асл, наҳзатиҳо ҳанўз аз солҳои аввали навадум ба фаъолиятҳои экстремистию террористӣ шуруъ карда, фишору таъқиботи мардумро он замон аз масҷидҳо оғоз намуда буданд. Онҳо бо роҳи зуроварӣ фаъолияти масоҷидро зери назорати худ дароварда, онҳоро ҳамчун василаи таблиғоти ифротгароёна бар зидди давлату миллат истифода мебурданд.
Дар солҳои аввали навадум, баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шўравӣ, замоне ки ҷумҳуриҳои дигар истиқлолу давлатдории миллии худро мустаҳкам мекарданд, ТТЭ ҲНИ бо супоришу дастури хоҷагони хориҷиаш барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба набарди мусаллаҳона даст зада, сохти конститусиониро дар Тоҷикистон аз байн бурд ва дар кишвар оташи ҷанги дохилиро аланга дод. Дар натиҷаи ин амали нангин сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, иқтисоди кишвар маҳв карда шуд.
Наҳзатиҳо бо ин амалашон мавҷудият ва ягонагии миллату давлати навбунёди тоҷикро зери хатар гузошта, дар вартаи нобудӣ қарор доданд. Ҳануз аз оғози ҷанги дохилӣ дастаҳои қотили наҳзат фаъолияти тахриботиашонро тақвият бахшида, амалҳои террористонаи худро шуруъ карданд. Ҳар касе андешаи дигар дошт, мавриди таъқибу куштори наҳзатиҳо қарор мегирифт.
Яке аз мисоли равшани даҳшату ваҳшонияти наҳзатиҳо кушторҳои дар соли 1992 дар бинои ҳаммоми совхози Туркманистони ноҳияи Вахш анҷом додаи онҳо мебошад, ки назирашро таърих ёд надорад. Ҳамин тавр, ваҳшонияти наҳзатиҳо, ки имрўз нашармида аз ҳуқуқу озодӣ ва демократия ҳарф мезананд, аз инсонкушию қотилии чингизиён ва фашистони гитлерӣ камтар нест. Онҳо бадтарин шеваҳои қатли инсонро нисбат ба ҳамватану ҳаммилатони худ раво дидаанд. Барои бо усули мудҳиш куштани инсонҳо ҳатто «бочка-зиндон»-ҳоро истифода мекарданд, узвҳои одамонро мебуриданд, оташ мезаданд ва дигар кирдорҳои ғайриинсониро анҷом медоданд, ки таърих ёд надорад.
Исбот гардидааст, ки ҳануз аз соли 1992 сар карда, силсилакушторҳои наҳзат оғоз меёбанд ва ҳатто пас аз ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ин гуна амалҳои манфур идома меёбанд. Даҳҳо фарзандони фарзонаи миллати тоҷик, аз ҷумла сиёсатмадорон, олимон, журналистҳо ва умуман шахсиятҳои пешқадами ҷомеаи тоҷик аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шудаанд.
Ҷиноятҳои мазкур баёнгари онанд, ки ин созмони экстремистию террористӣ аз дигар ташкилотҳои террористӣ, аз ҷумла ДИИШ фарқе надорад. Куштору террори наҳзатиҳо боиси нобуд гардидани бештар аз 150 ҳазор сокини осоиштаи Тоҷикистон гардид, ки бузургтарин хиёнат ба давлату миллат буд.
Аммо айни замон раҳбарони ҷинояткору фирории ТТЭ ҲНИ, ки дар хориҷи кишвар аз ҷавобгарӣ дар назди қонун паноҳ мебаранд, чунин вонамуд мекунанд, ки гўё бо гузашти вақт аъмоли зиддиинсониашон ба фаромушӣ рафта бошад, аммо дар саҳифаҳои таърих ва дар зеҳни ин миллат даҳшатафканию хиёнати онҳо боқӣ хоҳад монд.
Наҳзатиҳо имрўз дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, аз ҳуқуқи инсону адолат ҳарф мезананд, вале то ҳанўз фашистию фанатизми динию мазҳабӣ аз зеҳнияташон зудуда нашудааст. Дер ё зуд ҳатман аъмоли касифонаи хешро боз анҷом медиҳанд.
Бояд хотирнишон кунем, ки дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути таблиғоти ифротгароёна мағзшўӣ кардани ҷавонони ноогоҳ ва таҳрик додани онҳо ба самти ҷинояту терроризм давоми хиёнатҳои наҳзатист.
Фаромуш набояд кард, ки наҳзат то ҳануз аз раҳи террору куштор ва зуроварӣ барнагаштааст. Мавҷудияти созмони террористии «Ансоруллоҳ» - қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ дар Афғонистон ва исботи ин гуфтаҳост. Ин гурӯҳ ду сол пештар бо содир кардани амалҳои мудҳиши террорстӣ дар Дарвози Афғонистон аз худ дарак дода буд. То ҳануз ҷангиёни ин зерсохтори ТТЭ ҲНИ дар шимоли ҳамсоякишвар бедод мекунанд.
Имрӯз саркардаҳои ТТЭ ҲНИ дар Аврупо баромад карда, аз худ як неруи озодипарвару адолатпешаи тараққиписанд метарошанд, аммо воқеият дигар аст. Онҳо ҳаргиз дар фикри созандагӣ ва адолату инсоният набуданду нестанд. Балки ҳамчун як ташкилоти террористӣ, экстремистӣ ва зиддимиллию фашистмаоб шинохта шудаанд.
Созмони террористии «Ансоруллоҳ», ки қаноти ҷангии ТТЭ ҲНИ аст, айни ҳол дар шимоли Афғонистон мавҷуд буда, ба амнияти кишвари мо ва минтақа таҳдид дорад. Ин ҳолат дар асл террористию ҷинояткор будани наҳзатиҳоро фош менамояд. Дигар матолиби иғвогаронаю зиддимилли наҳзатиҳо, ки дар фазои маҷозӣ паҳн менамоянд, ба мардум асаре нахоҳад дошт.
Зеро мардуми тоҷик, ки шоҳиди бевоситаи ҷинояту хиёнатҳои наҳзатӣ мебошад, ҳаргиз ба дуруғи онҳо дода намешавад. Балки чеҳраи хашини онҳоро дуруст шинохтааст ва онҳоро аз рӯйи амалҳояшон баҳо медиҳад.
А. Раҳмонзода,
номзади илмҳои сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев