Бадтарин ҷиноятҳо дар таърихи башар аз сари бадбиниву нафрати як гурӯҳ нисбати мардуми муайян сар задаанд. Дар торихи башар буданд идеологияҳое, ки нафрату бадбиниро дар худ доштанд. Бештари онҳо ё нобуд шуданд ё ислоҳ шуда, дар худ унсурҳои инсондӯстиро ҷой доданд, то ҳаққи вуҷуд доштанро дар ҷаҳони муосир дошта бошанд. Мутаасифона, на ҳама идеологияҳо ва гурӯҳҳои нафратпарокан аз байн рафтаанд ва ҳоло ҳам ҳастанд гурӯҳҳо ва афроди кинатӯзе, ки аз озодиҳои низоми демократӣ истифода карда, миёни ҷомеа аз руйи кинаву бадбинӣ нафрату тафриқа меоандозанд.
Гурӯҳи ифротии наҳзатӣ, ки аз ҳар фурсати барои худ муносиб истифода карда, санги нафрату бадбинии худро бар сари давлату мардуми Тоҷикистон меандозад, ба чунин гурӯҳҳои кинатӯзу нафратпарокан шомил мешавад. Онҳо баъди шикаст хӯрдани худ ва фирор кардан ба кишварҳои аврупоӣ дар фазои маҷозӣ сомонаву каналҳои видеоӣ ташкил карда, солҳо боз ба нафтарпароканӣ ва тафриқаандозӣ машғул ҳастанд. Дар миёни онҳо наҳзатии қалобе бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин аз дигарон фаъолтар аст. Маълум аст, ки нафрату бадбинии шахсии ин беиқболи наҳзатӣ ба мардуми тоҷик аз ҳама бештар мебошад.
Дар баробари туҳмату таҳқири давлатмардони муваффақи Тоҷикистон беиқболи наҳзатии нафратпарокан ба соҳибкорони муваффақ дарафтода, онҳоро туҳмату таҳқир мекунад. Маълум аст, ки бо ин роҳ мехоҳад онҳоро тарсонда, аз онҳо маблағи бедардимиён ба даст оварад. Ин ифроти ҳарису пулпараст ё аз маблағҳои бадастоварда аз хоҷагони хориҷиаш қаноатманд нест ва ё он хоҷагонашон як дода баробари даҳ кораш мефармоянд ва хастааш кардаанд. Дар ҳарду ҳолат ҳам ин ифротӣ касби асосии худро, ки қаллобӣ аст, дар дили Аврупо идома дода истодааст.
Масъалаи нангини маҳалгароӣ ҳефҷ гоҳ аз мадди назари беиқболи наҳзатӣ дур намешавад. Ин бадгавҳар ҳамеша ба маҳали афроди мавриди ҳадаф қарордодаи худ ишора карда, мехоҳад мардумро чун гузаштагони бешарафи худ ба маҳалҳо тақсим карда, дар муқобили ҳам қарор диҳанд. Дар ҳоли бо ҳам душман кардани мардуми тоҷик ин хоинон метавонанд аҳдофи шуми хоҷагони хориҷии худро дар Тоҷикистони мо пиёда созанд. Маълум аст, ки ҳадафи асосии онҳо дастрасӣ ба захираҳои табиии кишвари мо аст. Вазъияти имрӯза, ки ин дороии мардум дар дасти давлат аст ва аз ҳисоби он мактабҳову беморхонаҳо сохата шуда, маоши муаллиму духтур пардохта мешавад, барои хоинони наҳзатӣ қобили қабул нест. Онҳо мехоҳанд ин дороии мардумро ба хоҷагони худ супоранд ва хоҷагони хориҷии онҳо дар навбати худ ба наҳзатиёни хоин пули муфт диҳанд. Ба монанди ҳамон сагбозоне, ки ба сагонашон устухон медиҳанд.
Ҳамаи ин кушишҳои нафратпарокании беиқболи наҳзатӣ ва ҷамъи ёрони хоинаш бефоида мебошанд. Касе ба ин таблиғоти зиддимардумии онҳо таваҷҷуҳ намекунад. Дар оянда низ ҳамин тавр хоҳад буд ва наҳзатиён нияти бади худро ҳаргиз амалӣ карда наметавонанд.
Хуршеди Мурод,
муҳаққиқ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев