Ташкилоти экстримистию террористии наҳзат ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри гузашта яъне то замони истиқлолияти кишвар ба вуҷуд омада буд. ТЭТ ҲНИ нерӯи асосии ба ном «аъзоён»-у «озодихоҳон»-ашро барои куштори ходимони сиёсӣ ва аҳли зиё равона намуда буд, ки дар натиҷа аз дасти ин разилон даҳҳо мардони баруманди Ватан кушта ва фарзандони онҳо ятиму бепарастор монданд.
Бинобар ин, соли 1993 фаъолияти ин ҳизби террористӣ дар қаламрави кишвар қатъ гардида, роҳбаронаш маҷбур гардиданд, ки ба самти ҶИА (Ҷумҳурии исломии Афғонистон) рӯ ба гурезаги оваранд. Бо роҳи фиреб бештари мардуми ноогоҳро аз паси худ ба ин кишвар бурданд, ки бештари онҳо аз гурӯснагиву ташнагӣ ва аз касалӣ ба ҳалокат расида, дар онҷо хок шуданд. Терорристони наҳзатӣ то соли 1997 фаъолияташонро ба таври ғайриқонунӣ ба роҳ монда, амалҳои тахрибкоронаи худро идома медоданд. Тӯли ин солҳо, созмони қотил бо супориши хоҷагонашон, амал намуда садҳо миллион доллар ба буҷаи Тоҷикистон зарари моддӣ ва молиявӣ расонидаанд.
Тавре маълум аст, аъзоён ва роҳбарони ташкилоти терроритсии мазкур дар давоми фаъолияташ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир намуданд. Садҳо аъзои наҳзатӣ солҳо боз дар сафи созмонҳои террористие ба монанди ташкилоти террористии «Давлати исломӣ», «Ансоруллоҳ», «Ал-қоида» ва ғайра ҳазорон мардумони бегуноҳро ба ҳалокат расонидаанд ва росонидаистодаанд.
Яке аз ин ҷиноятҳои мудҳиш ва нобахшидании наҳзатиҳо ҳодисаҳои сентябри соли 2015 мебошад. Роҳбарону фаъолони созмони наҳзат кӯшиш намуданд, ки табаддулоти давлатиро анҷом дода, бо роҳи зӯроварӣ сохти конститутсионии Тоҷикистонро сарнагун намоянд. Агар ташкилоти террористии наҳзат ҳизби сиёсӣ бошад, пас аз куҷо идеология ва ҳаракати зуроварию одамкушӣ дар ин ҳизб пайдо гардидааст?
Агар аз таърих ёдовар шавем, метавонем шоҳиди факту далелҳои зинда бошем, ки созмони террористӣ – экстремистии наҳзат ҳануз солҳои 80-уми асри гузашта дар давраи побарҷо будани Иттииҳоди Шӯравӣ дар байни мардум асосан таълимоти «Ихвон-ул-муслимин» ва ҷараёни «Ваҳҳобия» - ро ташвиқ менамуданд. Ҳамзамон, аз тарафи мақомоти дахлдори Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолияти ғайриқонунии ин ҳизби террористӣ ошкор шуда, фаъолони ташкилоти мазкур ба солҳои гуногун равонаи зиндон гардида буданд.
Ҳизби террористӣ - экстремистии наҳзат солҳои 90-уми асри гузашта, кӯдакону наврасони тоҷикро бо роҳи фиреб ва бо ваъдаҳои гуногун барои таҳсили динӣ ба кишварҳои исломӣ равон намуда, дар онҷо равияҳои мазҳаби бегонаро ба онҳо таълим дода, баъдан ба Тоҷикистон барои нифоқ андохтан баргардониданд.Хуб шуд, ки Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизби мазкурро, 29 сентябри соли 2015, маҳз барои бурдани фаъолияти террористиву экстремистиаш, ҳизби террористиву экстремистӣ эълон намуда, фаъолиташро дар ҳудуди кишвар қать намуд.
Гарчанде, ки фаъолияти ҳизби қотил дар Тоҷикистон манъ гардида бошад, ҳам, роҳбарони ин ҳизби мамнуъи террористӣ аз хориҷи кишвар истода, зери ниқоби дин бо дастгирии «хоҷагонашон» фаъолияти тахрибкоронаи худро нисбати Ватану миллати тоҷик идома дода истодаанд. Аммо онҳо бояд бидонанд, ки дар ягон давру замон ба ниятҳои нопоку ғаразмандонаашон намерасанд.
Яқуб Шодиён
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев