Иқболбӣ дар иғвоангезиву дасисабозӣ ва тафриқаандозӣ маҳорати касбӣ дорад. Чунин “касб”-и касиф дар ин оила меросӣ буда, аз насл ба насл ҳамчун касби бобоӣ ба ирс бурда мешавад ва ҳар фарди ин оила барои интиқоли ин касб дар ҳадди аксари тавонмандии хеш талош менамояд. Ӯ ба дилхоҳ қазия бо чашмони кӯри худ нигариста, бо назардошти ҳадафҳои нопоки худ онро таҳлилу баррасӣ менамоянд ва тавассути сомонаи иғвоангези худ таҳлилҳои бемантиқу дуруғини худро паҳн менамоянд. Ҳоло, ки дар Аврупо қарор дорад ва дар ҷои нишасти худ хаёлбофӣ намуда, зидди амнияти кишвар, арзишҳои миллӣ ва мақомоти кишвар мақолоти иғвоангез ва тафриқаандоз эҷод мекунад ва бо ин роҳ мехоҳад, ки ҳодисаҳои нангини солҳои қаблро аз пештара дида, дучанд афзун намояд ва мисли пирони кораш дар кунҷи хонае нишаста, давлати пирӣ ронад. Ӯ бо тимаш, яъне тими наҳзат, мехохад коре кунанд, ки обро лой намуда, аз вазъияти баамаломада сӯистифода баранд ва ба мисли қабл ғояҳои ифротиашонро роҳандозӣ кунанд.
Дар баробари ин яке аз “фазилатҳои бузург”-и ӯ мардумфиребӣ аст. Тӯли фаъолияташ дар кишвар то давраи фирор намудан ба Аврупо, даҳҳо ашхоси табақаҳои гуногунро фиребу ғорат намудааст. Аз номи дину мазҳаб баромад намуда, ба бовари онҳо медаромад. Амалҳои қаллобиву авомфиребонаи М. Садриддин, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чандин борҳо дастраси ҳамагон шуд, исботи гуфтаҳои болост.
Иқболбӣ дар гузоришу суҳбатҳояш худро як шахси ботамкину боиффат ва ғамхору мардуми кишвар вонамуд менамояд ва фаъолияти ҳаррӯзаи онҳо дар фазои иттилоотии имрӯза бояд, барои шаҳрвандони кишвар як кори муқарарӣ бошад зеро, ки онҳо ҳамеша бо суханҳои бардӯруғу беасоси худ иғвоангезиро миёни шаҳрвадони кишвар таблиғ мекунанд. Зеро онҳо дар тамоми фаъолияти хоинонаи худ дар валангор кардани Ватан, пароканда намудани аҳолии кишвар ва гуреза намудани шаҳрвандон саҳм гузоштаанд. Онҳо ҳамеша чун душмани рақами яки миллати тоҷик ба тамоми пешрафту дастовардҳои мо ҳасуд нишон дода, ҳамеша баҳри он мекӯшанд, ки миллатро пеши дигарон паст зананду номи тоҷикро назди дигарон сиёҳ созанд.
Иқболбӣ ҳанӯз аз даврони кудакӣ дар муҳите ба воя насидааст, ки аз ин ҳисоб тамоми арзи вуҷуд ва касбияташро ба осонӣ ба ивази де се тангаи гадоӣ мефурӯшад. Бинобар ҳамин, дар риштаҳои зеҳни ӯ бадбинӣ фиреб ба монанди дигар наҳзатиён ҷойгоҳи асоссӣ дорад. Ва ҳамин ҳис намегузорад, то хушиву нишоту шодмону мардуми кишварро бинад ва аз ҳар беҳбуду пешрафти имрӯзаи миллати тоҷик равонан касал шуда, ҳар чӣ ки хост менависад ва паҳн менамояд.
Рустамов Суҳроб
коршиноси масоили сиёсӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев