Сарчашмаҳои таърихӣ шаҳодати онанд, ки дар гузашта ҳам шароити иқтисодӣ, воқеаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, хусусан зулму шиканҷа ва азобу уқубати амалдорони маҳаллӣ ва амирон, мардум, хусусан мардуми кӯҳистонро маҷбур мекард, ки аз диёри азизи худ, хешу ақрабо, ниҳоят пайвандон ё худ дилдодагони худ ҷудо шуда, пои пиёда, аз ағбаҳои баланду дараҳои чуқур, аз пайраҳаҳои борику пулҳои (купрукҳои) ларзонак гузашта, баҳри пайдо кардани ризқу рӯзӣ як порча нон ба мулки дуре сафар кунанд ва ҳаёти мусофирӣ-ғарибӣ ба сар баранд.
Илова бар ин, дар ғарибӣ ҳам гирифтори нокомӣ, азобу шиканҷа, сарсониву саргардонӣ шуда, аз бенавоӣ ё ба ватан баргашта наметавонистанд, ё аз ночорӣ дар ғарибӣ ҷон ба ҷаббор месупориданд. Қисме ба музди ночизе ба ватан бармегаштанду дар бораи ҳаёти сангин дар ғарибӣ нақлу ривоятҳо мекарданд.
Мардумони бохирад дар асоси он зарбулмасалу мақол афоризму рубоиҳо офарида кӯшиш мекарданд, ки дарду алам, дили ғамзадаи ин мардум, ё пайвандони онҳоро каме ҳам бошад, таскин бахшанд.
Ба монанди:
Дар ғарибӣ гашта-гашта ранги зард овардаам,
Ранги зардамро ба пеши аҳли дард овардаам.
Ранги зардамро бубину аз хазонам ёд кун.
Дар сари қабрам нишину як даме фарёд кун.
Ё худ:
Лаънат ба касе, ки аз ватан канда шавад,
Афтад ба ғарибиву ба кас банда шавад.
Чархи фалако гардаду ояд ба ватан,
Ин мурдаи садсола зи нав зинда шавад.
Ва ё
Ғарибафтода ҳукми мурда дорад,
Ки хоки мурдаро кай мебарад бод.
Онҳое, ки ба Ватан баргашта наметавонистанд, дар бораи онҳо чунин рубоиҳо офаридаанд:
То кас намурад, номи вай гум намешавад.
Ман зинда дар ин ҷаҳону номам гумай.
Ё ин ки:
Сарчашмаи боғи булбулонай ватанам,
Хуш боду ҳавою бустонай ватанам,
Як бор агар бод барад бар ватанам.
Дил пора кунам, ёди гарибӣ накунам.
Аз хона баромадум оҳе кардум
Сӯи ватани падар нигоҳе кардум.
Ҳамин тавр, ватандӯстӣ ба сифати муҳими симои маънавии одамон табдил ёфт.
Ин ҷо зарбулмасалу мақол ва афоризмҳои халқиеро меоварем, ки дар онҳо ҳисси меҳру садоқат ба ватан ифода ёфтаанд. Ба монанди: «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар», ва ё «Хоки ватан аз мулки Сулаймон беҳтар», «Бе чашм зиндагӣ кардан мумкин аст, аммо бе ватан не», «Аз ҳаёт даст шустан беҳтар аст, аз ватан даст шустан», «Шахси беватан-булбули бечаман», «Қурбони ватан бош, ки қурбонат шавам», «Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи ватан аз он воҷибтар», «Аз ҷон маҳрум шудан, беҳ аз ватан маҳрум шудан аст», «Касе, ки дар ватан зиндагӣ намекунад, ӯ лаззати зиндагиро намедонад», «Як зимистон дар Ватан аз сад баҳор дар мулки дигар будан беҳтар аст», «Аз дар мулки мардум шоҳ будан дар мулки худ гадо будан беҳтар аст», «Дӯстдорони ватан- дӯстдорони халқанд», «Ҳар киро хубби ватан нест, номус не ва ҳар киро номус нест, саодат не», ва ё «Ҳар киро ҳубби ватан нест, саодат нест» ва ғайраҳо.
Сарчашмаҳои таърихӣ ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки одамон асрҳои аср ба ҷою макони (Ватани) азизи худ ҳисси муҳаббат ва дилбастагӣ пайдо карда, онро дар дили худ мустаҳкам нигоҳ дошта, аз насл ба насл медоданд. Дар онҳо ҳисси муҳаббат ва садоқат ба Ватани худ, ба манзараҳои зебои табиати он ифода ёфтааст.
Дар зарбулмасалу мақолҳо, афоризму рубоиҳои халқӣ инчунин дар бораи он сухан меравад, ки падарон, бародарон, хоҳарон ва калонсолон, чи тавр барои ҳаёти беҳтарин мубориза бурдаанд ва чи тавр бо меҳнати худ Ватанро ободу зебо гардондаанд. Ба воситаи зарбулмасалу мақолҳо, афоризму рубоиҳо наслҳоро дар руҳи суннатҳои гузаштагон тарбия менамуданд. Чунки Ватанро дӯст доштан сифати муҳими симои маънавии одамон буд.
Дар зарбулмасалу мақол, афоризму рубоиҳои дар боло овардашуда ҳисси сидқу вафо ва муҳаббат ба ватан ё худ ҳисси сӯзу гудози ҷудоӣ аз Ватани азизи худ хеле барҷаста ба назар мерасад.
Дар рубоиҳои халқӣ ҳисси ватандӯстӣ васеътар, серпаҳлу омада, дар шакли чормисрагӣ ва баъзан дар шакли қитъа ифода ёфта, бо ҳамин аз зарбулмасалу мақол ва афоризмҳои халқӣ фарқ мекунанд.
Мисол:
«Шахси беватан, булбули бечаман»
Мо булбули мастем, чаман нест моро,
Мо марди мусофирем, ватан нест моро
Ин умри азиз, ки бе ватан мегузарад,
Кардам сафари дуру кафан нест моро.
Халқ ба воситаи қуввваи ҷозибаноки эҷодиёти даҳонакии худ наслҳоро дар руҳи меҳру муҳаббати бепоён ба Ватан, ба диёри азизи худ тарбия мекарданд. Дар одамон дилбастагии бепоёнро нисбат ба ватан ва диёри худ ба вуҷуд меоварданд, ки ин ҳама афзалият ва аҳамияти худро то имрӯз ҳам нигоҳ дошта, дар роҳи тарбияи ватандӯстӣ хизмати назаррасе карда метавонанд.
Инро нависандаи бузурги рус А.М.Горький дар мақолааш «Таърихи қишлоқ» чунин тасвир намудааст: «Гузаштаро донистан барои он зарур аст, ки ҷавонон ба тарзи таърихӣ фикр карданро ёд гиранд. Афкори таърихӣ ба мо аз қувваи зафаровари меҳнат, қувваи аҷоиб ва беназири хирад гувоҳӣ медиҳад, ки ин хирад бо меҳнат ба вуҷуд омада, дар навбати худ тамоми амалиёт, тамоми кори одамонро ташкил мекунад»1.
Барои ҳамин ҳам Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам гуфтаанд, ки «Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест».
Мазмуни асосии тарбияи ахлоқиро ҳисси чуқури ватандӯстӣ ва байналмилалӣ ташкил мекунад. Ватандӯстӣ ва дӯстии халқҳо ин эҳсосоти баланди инсонӣ, қисмати ҷаҳонбинӣ ва муносибати шахсият нисбати кишвари азиз, нисбати башардӯстӣ мебошад.
Ватандӯстӣ аслан аз зодгоҳ оғоз мегирад, зеро инсони комил пораи Ватан, зодгоҳи азизашро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад ва меарзад, ки бигӯем:
Зодгоҳ беназир аст бо маъвою иқлими софаш,
Бо он чакидаҳои хуни мубароки нофаш,
З – ҷунбиши гаҳвораи тифливу лафзи модарӣ,
Сарчашма ёбад Ватан бо ин нахҳои зарбофаш.
Ғояи ватандӯстии мардуми мо аз замонҳои қадим арзи вуҷуд мекунад, ки инро мо дар эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик бараъло дида метавонем. «Қурбони ватан бош, ки қурбонат шаванд» - мегӯяд мақоли мардумӣ. Оре, ватан муқаддас аст. дар гузашта ҳам фарзандони сарзамини мо бо ёди ватан зиндагӣ мекарданд, бо ёди ватан ҷон қурбон менамуданд. Дар очерки таърихии устод С. Айнӣ «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик» омадааст, ки дар миёнбанди Темурмалик халтачае пайдо карданд, ки дар вай як каф хок ва хатчае буд. Дар хат ин гуфтаҳо сабт шуда буданд: «Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории ватани азизи ман аст!». Дар охири хат ин байт ҳам оварда шудааст:
Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!
Ҳамзамонони мо ҳам аз мусофират ба ватан баргашта, аз ҳадди шодиву сурур ашки шодӣ мерезанд, хоки ватанро тӯтиё мекунанд, замини азизро мебӯсанд. Чун устод Мирзо Турсунзода:
Чун ниҳодам пои худро бар сари хоки Ватан,
Борҳо бӯсидам аз рухсораи поки Ватан.
Ғояи ватандӯстӣ ва дӯстии халқҳо аз бисёр ҷиҳат ба донистани таърихи кишвар ва мардуми он вобастааст. Нафақат донистани таърихи кишвар ва мардуми кишвари худ, инчунин таърихи дигар мамолик ва забонҳои мардуми онҳо низ лозим аст.
Яке аз намудҳои тарбияи ахлоқӣ ин ба меҳнат софдилона муносибат кардан аст. Хусусиятҳои ахлоқии одамон тамоили тамоми фаъолияти зиндагии одамро муайян мекунад, чунки меҳнат – асоси зиндагӣ, бе меҳнати ҳалол ва маҳсули он ҳаётро тасаввур кардан нашояд. Охир, кӯдаконро ҳанӯз дар айёми хурдсолӣ ба меҳнати коллективонаи ҳаддалимкон, инчунин меҳнати гарони омӯзиш ҳавасманд кардан қимати ахлоқии калон дорад. Онҳо бояд ба неъматҳои меҳнатӣ, хоҳ шахсианду хоҳ ҷомеавӣ, сипосгузор, қадршинос, эҳтиёткор ва сарфакор бошанд, ба исрофкорию ношукрӣ роҳ надиҳанд.
Дар афкори педагогии халқи тоҷик масъалаи тарбия намудани ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ яке аз масъалаҳои муҳими тарбияи ахлоқ ҳисоб меёбад.
Мутафаккирони гузашта оид ба ин масъала дар асарҳои худ фикрҳои муҳими зиёди судманде баён кардаанд.
Саъдӣ дар давраи истилои муғул зиндагӣ ба сар бурда, шоҳиди ҳамаи он фоҷиаҳо буд, ки муғулҳо ба сари халқҳои Мовароуннаҳр ва Эрон оварда буданд.
Истилои муғул ба давраи таҳсили Саъдӣ дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод ва ба давраи саёҳатҳои дуру дароз рост меояд. Саъдӣ дар давраи мусофираташ ихтиёрӣ бар зидди аҳли салиб дар ҷанг иштирок мекунад ва ба дасти онҳо асир меафтад. Дар чунин ваъзияти бад низ Саъдӣ дар бораи Ватан ва дӯстонаш фикр меронад. Оид ба ватан шеърҳо таклиф мекунад, ки яке аз намунаҳои барҷастаи он мисраҳои зеринанд:
«Гар ман зи муҳаббатат бимирам,
Доман ба қиёматат нагирам,
Эй марҳами реши дардмандон,
Дармони дигар намепазирам,
Он кас, ки ба ҷӯз ту кас надорад,
Дар ҳар ду ҷаҳон мани фақирам.
Эй муниси рӯзгори Саъдӣ,
Рафтиву нарафтӣ аз замирам.
Эй боди бахорӣ анбарин бӯй,
Дар пои латофати ту мирам.
Чун мегузарӣ ба хоки Шероз
Гӯӣ ба фалон замин асирам».
Дар ин шеъри пурсӯзу гудози худ Саъдӣ ёди диёри худро, ҳисси баланди муҳаббати худро ба ватан ифода кардааст. Дар солҳои дуру дарози мусофираташ дар шаҳрҳои азими ҳамон давр- Бағдод, Димишқ , Қуддус, Уммон, Санъо зиндагӣ карда бо одамони табақаҳои гуногуни ин шаҳрҳо шинос мешавад, ки онҳо Саъдиро хеле эҳтиром мекарданд. Вале Саъдӣ ватанаш Шероз ва дӯстонашро фаромӯш накард. Дар ин бора дар «Гулистон» чунин навиштааст:
«Пой дар занҷир пеши дӯстон
Беҳ, ки бо бегонагон дар бӯстон».
«Саворе,ки дар ҷанг бинмуд пушт
На худро, ки номоваронро бикушт»
Сарфи назар аз миллат, дин ва эътиқод, ҳама бояд ба якдигар некхоҳ ва накӯкор бошанд. Аз ғаму андуҳ, меҳнату ҳаёти ҳамдигар хабардор буда, ҳама вақт барои бартафар кардани душвориҳои ҳаёт ба якдигар ёрӣ расонанд. Дар ин масъала дар боби якуми «Гулистон» чунин навиштааст:
Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рузгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Чанд мафҳумро, ки ба тарбияи миллӣ вобастагии ҷудонопазир дорад, васеътар дида мебароем ва пурратар эзоҳ медиҳем. Аз қадим ватандӯстӣ анъанаи халқамон гаштааст. Ҳар каси оқил ҷои таваллуд ва ба воярасида, хонадон, деҳа ва шаҳри худро бо фахр ба забон мегирад. Бе чиз нагуфтаанд, ки «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар». Гузаштагонамон хоки Ватанро ба ҷое раванд, як мушт ҳамроҳ мебурданд, онро эҳтиёт мекарданд, ба боигариҳо, яъне зару зевар иваз намекарданд. Зарбулмасалҳои «Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар», «Қурбони Ватан бош, ки қурбонат шаванд», «Шахси беватан – булбули бечаман» ифодагари меҳру муҳаббати беандоза ба Ватан, диёр ва хонадону оила мебошад. Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол мегӯяд:
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Маънои ҳамин суханони овардашуда гувоҳи баланд будани ҳисси ватанпарварии гузаштагон аст, ки бояд ин одатро дар насли наврас ташаккул диҳем.
Мегӯянд, ки меҳри Ватан аз аллаи модар сар мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки ибораи «Ватан - модар» маъмул гаштааст. Ҳисси ватандӯстӣ дар кӯдакӣ пайдо шуда, то охири умри инсон боқӣ мемонад. Бинобар ҳамин, меҳри ватандорӣ ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон зарур аст, то ки ба ҳаммиллатони худ наздик бошад, аз тоҷикистонӣ – буданаш ифтихор намояд.
Ватанпарастӣ ва ватандӯстиро Камоли Хуҷандӣ мояи ифтихори ҳар як шахс шуморида, одамонро ба ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ даъват намудааст:
Хоки поят дӯст дорад рӯи ман,
Нест айбе, дӯстон, хуббулватан.
Шоир, ки худ дар зиндагӣ тимсоли ҳақиқии ватанпарастиро нишон додааст, ватанашро аз ҳама чизҳои дунё қимматтар ва авлотар, ҳатто аз гулистон ҳам беҳтар донистааст:
Кӯи ту хоҳад ин дили овора бе биҳишт,
Мурғи ғарибиро зи гулистон ватан беҳ аст.
Низомии Ганҷавӣ ватандӯстӣ ва хизмат баҳри ватанро вазифаи муқаддаси ҳар як инсон шуморидааст. Шоири зиндагишинос хизмат ба халқу ватанро беҳтарин хислати хуби инсонӣ донистааст:
Кӯш, то халқро ба кор оӣ,
То ба хулқат ҷаҳон биёроӣ
Хулоса, чуноне, ки дар боло зикр намудем, ҳамаи мутафаккирони форсу тоҷик дар бораи ватану ватанпарастӣ асарҳои худро барои таълиму тарбияи насли наврас гузоштаанд, ки имрӯзҳо дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва ҳатто синфҳои ибтидоӣ дар бораи ватандӯстӣ чорабиниҳои тарбиявӣ гузашта мешавад. Мақсади гузаштани дарсҳои тарбиявӣ ҷавононро барои дифои ватану миллати худ сарубон шудан ҳидоят мекунад.
Зайниддин АҲАДОВ, мудири кафедраи
педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири факултети
психологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев