Бояд гуфт, ки фарҳанги миллӣ як рукни ҷудонашавандаи давлати миллӣ ба ҳисоб рафта, василаи асосии муаррифии давлату миллат дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Фарҳанг домони густурдаву васеъ дорад ва ҷомеъаҳое, ки такя ба фарҳанг доранд дар тамоми ҷодаҳо муваффақ ба назар мерасанд. Ин гуфтаро дар таҷрибаи ҳаётии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дидан мумкин аст. Агар ба гузаштаи миллати тоҷик диққат намоем аз рӯи сарчашмаҳо маълум мегардад, ки дорои фарҳанги волову пурғановат буда, баъзе аз анъанаҳояшон то ба замони мо омада расидаанд. Аммо қисми зиёдашон бо таъсири омилҳои бегона ва лашкаркашии қавмҳои гуногун аз байн рафтанд. Бояд зикр кард, ки новобаста аз тохтутозҳое, ки бар сари миллати тоҷик омад, аммо аҷдодони мо талош намуда, рукнҳои асосии фарҳанги миллӣ: хат, забон ва санъати худро нигоҳ доштанд ва ба мо меърос гузоштанд. Мо идомаи насли гузашта пеш аз ҳама ифтихор аз он дорем, ки имрӯз миллати тоҷик баъд аз ҳазорон сол боз аз нав соҳиби давлат ва фарҳанги волои худ гаштааст ва ин боиси ифтихору сарфарозии кулли мардуми тоҷик бояд бошад, зеро дар ин давраи пур аз ҷангу ҷадалҳое, ки миллати тоҷик аз сар гузаронид, ба даст овардани фарҳанги миллӣ ва истиқлоли миллӣ кори саҳл нест. Аз ин рӯ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки ба қадри ин неъмат бирасанд ва барои нигоҳ доштан ва инкишоф додани он саҳми арзишманди худро гузоранд. Зеро бунёдгузор ва нигоҳдорандаи фардои фарҳанги миллӣ маҳз халқи тоҷик маҳсуб меёбанд.
Мавриди зикр аст, ки дар пешбурди фарҳанг ва рушди он нақши китобхонаҳо ва мутолиаи китоб бисёр ҳам муҳим мебошад. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани дониш ва иттилооти фаровон аст. Мусаллам аст, ки дониш фақат бо роҳи хондани китоб ба даст меояд. Кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба тараққӣ пешрафту тавсеаи хешро аз баракати хониш, омӯзиш ва дониш медонанд, ки Тоҷикистон низ дар ин саф аст.
Дар яке аз паёмҳои гузаштаашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар баробари масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф, илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш аз мақому манзалату ҷойгоҳи баланди китоб ҳарф заданд. Роҳбари давлат дастур доданд, ки «ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ….»-ро баргузор намуда, ба он доираи ҳар чӣ васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад». Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» имсол бори дигар нишон дод, ки ин миллати фарҳангӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳ дошта, нисбат ба китобу илму адаб арҷу эҳтиром мегузорад.
Бояд ёдовар шуд, ки китобхона ҳам дар рушди дониш саҳми бузург дорад. Китобхона дар ҳама давру замон макони муқаддас, махзани дониш ва маънавиёт ба шумор мерафт. Китобу китобдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи мардуми тоҷик аст. Агар ба таърихи мардуми мо бо дидаи таҳқиқ нигарем, мебинем, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ мардуми тоҷик ба китобдорию китобхонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд. Китобхона ганҷинаи хиқматҳои бузург аст, ки ҳар кас бо умед аз дари он ворид мешавад. Ҳар касе, ки ба ин даргоҳи илму маърифат ворид мегардад, ба дунёи рангину зебоӣ ҳамроҳ мешавад.
Дар охири асри ХХ ва авалҳои асри ХХI бо сабабҳои аз миён рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ, тағйир ёфтани сохти давлатдорӣ, сар задани нооромиҳо ва паст рафтани сатҳи иҷтимоӣ, китобхонаҳо ҷойгоҳи баланди худро, ки дар сарнавишти инсонҳо доштанд, аз даст доданд, шумораи истифодабарандагони онҳо хеле кам шуд ва ба пур намудани захираҳои онҳо хеҷ кас аҳамият ҳам намедод. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дубора сохтани китобхонаҳо шуруъ гардида ва намоёнтарини онҳо Китобхонаи Миллӣ мебошад, ки имруз дар рушду инкишоф ёфтани фарҳанги миллӣ кумаки зиёде намуда истодааст.
Пешвои миллати тоҷик дар баробари он ки барои рафъи ислоҳи ҳолати ҷойдошта дар Паём таъкид намуданд, ҳамчунин бори дигар ба китоб, китобхонӣ ва китобхонаҳо баҳои баланд доданд: «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шавад, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ роҳнамоӣ мекунад».
Илмомӯзию китобхонӣ бояд яке аз вазифаҳои асосии миллии мо бошад. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намудан лозим аст. Дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону ҷавонон ба роҳ мондан зарур мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки китоб сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ иқтисодӣ фарҳангӣ, таърихӣ ба ҳисоб рафта, пояи асосӣ дар ҳаёти иҷтимоии башар аст ва маҳз тавассути он ҷомеа метавонад ба баландтарин қуллаҳои ҳаёт бирасад. Тавре, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, бузургони халқи тоҷик маҳз тавассути мутолиа ва таълифи осори пурарзиш ба мақсад расидаанд. Ёдрас шудан бамаврид аст, ки қариб дар ҳамаи осори шоирони тоҷик васфи китоб ба назар мерасад. Китоб мавзӯи асосии таълифоти манзуму мансури шоирону нависандагони тоҷику форс ба ҳисоб меравад. Маҳз ба воситаи китоб инсон метавонад роҳи дурустро дар ҳаёт пеша кунад ва аз таъриху фарҳанги худ бохабар шавад.
Дидавар Беков,
ходими илмии АМИТ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев