Муҳаммадиқболи Садриддин, ки шахсияташ комилан хурофотӣ ва таассубист, тавассути иғвою даъво садҳо матолиби муғризонаро нашру пахш карда, насли ҷавонро ба сӯйи беҳувиятӣ ва худбохтагӣ савқ медиҳад. Азбаски шахсияти М. Садриддин бо хамираи хурофоту ҷаҳолати мазҳабӣ хелида шудааст, ба ҳар як иқдом ва ибтикороти дунявӣ ҳассосият нишон медиҳад ва мисли марди васвосӣ алайҳи воқеият ва ҳақиқат мешӯрад. Дароз кардани забони таҳқиру тавҳину таъну иттиҳом дар нисбати раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори рӯзмарраи ин марди васвосӣ бадал шудааст.
Ҳар гоҳе ки тариқи расонаҳо ва сомонаҳо аз муваффақияту комёбиҳои давлату миллат иттилоъ меёбад, нафраташ афзун мегардад, зеро ки андаруни қалби тангу тори вай ба ҷуз бадӣ, палидӣ, нафрату адоват чизи дигаре намеѓунҷад. Мафкураи хурофотии М.Садриддин ӯро то охир раҳнамоӣ мекунад. Аз тарафи дигар, мафкураи мурда ва мамлӯ аз таассуб уро намегузорад, ки қадамро фаротар аз арзишҳои хурофӣ гузорад ва воқеиятҳоро бубинад. Ин аст, ки аз пешрафтҳо ва таҳаввулоти миллӣ бадаш меояд ва забони иттиҳому таҳқирро боз мекунад ва бебаркаш музахрафот мебофад. Дигар чӣ ҳам аз дасташ меояд?
Агар ба амримаъруфҳою навиштаҳои ин мазҳабзада ва хурофотӣ таваҷҷуҳ фармоед, хоҳед дарёфт, ки аз хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ фаротар андешида наметавонад. Барои ин гуфтаҳо далел навиштаҳои ӯянд, ки дар сомонаи «Ислоҳ.нет» ҷо дода шудаанд.
Падари М. Садриддин дар таъсиси ҳизби террористии наҳзатӣ саҳми асосӣ доштааст. Маҳз дар хонаи Садриддини Қаландар (падари М. Садриддин) наҳзати террористӣ созмон ёфта буд. Садриддини Қаландар дар миёни ҳамммаслакон ва умуман, ошноён бо лақаби “Гӯсолагов” маъруф будааст, зеро нисбати як гусолаи бечорае кадом ҳаракати ғариинсониро анҷом додааст..
Ногуфта намонад, ки лақаби хосси М. Садриддин, яъне «кабутари сафед» дар шароити вежа тавлид шудааст ва дар ин замина ҳолдонон нақли ҷолибе мекунанд. Ҳангоми ҳиҷрат дар яке аз кишварҳои исломӣ симои М. Садриддин ба гурӯҳҳои манфиатдор маъқул ва мақбул меафтад ва онҳо дар пайи шикори вай мешаванд. Албатта, дар кишварҳое, ки қонуният ва дунявият зери пост, ҳар воқеа шуданаш мумкин аст. Махсусан, гурӯҳҳои айёш саъй мекунанд, аз нотавониҳои дигарон истифода бурда, ниёзҳои ҳайвониашонро бароварда созанд. Ҳамин тариқ, гурӯҳҳои айёш М. Садриддинро ҳам таги чашм мекунанд ва ҳатто мафтуни зебоии зоҳирии ӯ шуда, “Кабӯтари сафед” лақабаш медиҳанд. Бечора “Кабутари сафед” қурбони ниёзҳои шаҳвонӣ ва ғаризаҳои ҳайвонии гурӯҳи айёшон мегардад ва саранҷом миёни ҳамсинон лақаби боло муд мешавад. Албатта, чунин ранг гирифтани ҳодиса М. Садриддинро сахт нороҳат кард ва ба болои он, миёни ҳамтабақон ва ҳамсабақон лақаби “Кабутари сафед” роиҷ гардида, мағзу аъсоби ӯро хурд кардан гирифт. Ташвишҳои мудавом ва киноязаниҳои бардавом ба шахсияти М. Садриддин осеби ҷиддӣ расонид ва ӯ дигар дар ҳоли изтиробу ташвиши ҳамешагӣ худро бо нафрату бадбинӣ ором месохтагӣ шуд. Ба ин минвол М. Садриддин ба як шахси моҷароҷӯ, иғвогар, пуриддао, кинатуз ва васвосӣ табдил ёфт ва ҳар вақте ки ёди рӯзҳои пешин мекунад, чун оташ дар мегирад ва ба дигарон дарафтида, тавассути тавҳину таҳқир камбуду нуқсоноти шахсиятии худро ҷуброн мекунад.
Насим Шарифзод
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев