Хурофазадагӣ, ки реша дар нодонӣ дорад, вақте ба биниши иҷтимоӣ табдил меёбад, таассубиятро ба бор меорад ва ба як бовари догматикӣ табдил меёбад. Инсонҳо вобаста аз шароити хоси иҷтимоию табиӣ, вобаста аз мушкилот ва муаммоҳое, ки дар баробари зиндагониашон ба вуқўъ мепайвандад, онҳоро ба тарзҳои гуногун бозтоб медиҳанд. Вобаста аз зеҳнияте, ки дар баробари ҳодисаҳо доранд, онҳоро мавриди таҳлил ва тадбир қарор медиҳанд. Агар имкони роҳи ҳалли воқеӣ вуҷуд дошта бошад, онро ба ҳайси як ҳодисаи маъмулӣ арзёбӣ менамоянд ва агар роҳи ҳалли ақлонии он дар дастрас набошад, ин ҳодисаро мавриди ситоиш ва сабабу омили онро мовароӣ тавзеҳ медиҳанд ва минбаъд онро ба ҳайси як зуҳуроти қудсӣ ва мовароутабиа мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Беш аз пеш чун инсон ҳар рўз ба падида ва кашфи навине мерасидааст ва ҳар рўз нисбат ба гузашта огоҳтар аз табиату ҳастӣ мешудааст, ба нодонии худаш воқифтар мешуд ва ҳарчи бештар ба ин андеша мерасид, гумон мекард як мавҷуди халоқ ва донотаре ки ҳаводису падидаҳоро ба вуҷуд овардааст, мавҷуд аст. Яъне инсони ибтидоӣ бар асоси ҷаҳлу нодонӣ аз воқеъияти падида ва ҳодисаҳо дар зеҳнаш мавҷудоти таваҳуммиро шакл дод ва ба ў эътиқоду бовар кард. Ҳарчанд намедонист, ки дар куҷо аст ва чи киёфаю сохторе дорад бештар онро ба шакл ва хусусиятҳои худ фарз кардааст.
Ҳамин тавр, дар зеҳнаш башар вобаста аз дараҷаи дарки воқеии аз табиат инчунин асрори зиёдеро аз падидаю ҳодисаҳо ки ҳанўз онҳоро кашф накарда буд ба онҳо аз роҳи тахаюл маъниву мазмун медод онҳоро муқаддас медонист ва ба онҳо бовар мекард. Чун инсони ибтидоӣ ночор ба ситези ҳодисаҳои табии буд ва ҳар лаҳза дар ҳуҷуми ҳамнавъони худ ва ё ҳайвоноту ё ҳодисаҳои табии ва таҳаввулоти заминӣ буд, аз ин рў ҳазорон суол тарс изтироби ботинӣ ўро маҷбур месохт то ба неруе дар шакли наботӣ, ҷимодӣ ё ҳайвонӣ умед бандад.
Чун ҳамеша дар марази хатар қарор дошт ва дар ҷанг бо ҳаманавъони хеш ва бо ҳайвоноти дигар ҳамеша умед мекард, то як қуввае дар баробараш ўро ёрмандӣ кунад ва аз шикаст, марг ўро наҷот диҳад. Яъне ў ниёзманд буд, ба қудрате ки болотар аз қудрати худи ў барои дифоъ ва ниёзманд ба шеваи навине дар ҷангҳо ва набардҳояш бо табитату ҳайвонот барои зистан будааст. Ҳарчи инсон ба илму дониши бештаре мерасид, талошаш барои шинохти ҳастии худ низ бештар мешуд.
Аз ин рў, дар марҳилаҳои ба тамаддун расидани ҷомеаи инсонӣ мебинем, ки ба ҳиммати пешрафти хиради инсонӣ ва андешамандони бузург ки сайъ намудаанд дар шинохти инсон ва ҳастӣ инсоният ба афкору андешаҳои навин даст ёфтааст ки ба ў кумак кардаанд, ҳам худ ва ҳам табиатро беҳтар шиносад. Аммо ин раванд дар як они воҳид ба вуҷуд наёмада, муддати тулониеро дар бар мегирад. Мусаллам аст, ки ҳамаи падидаю воқеаҳои ҳастӣ ба инсон дар муддати кўтоҳ маълум намешаванд ё ба ибораи дигар маърифати олам барои инсон ҷараёни тулониест, ки зина ба зина ҳақиқатҳои илмӣ ба он зоҳир мешавад. Аз ин рў, дар ҳар марҳилае агарчи инсон барои муддати кўтоҳе ба ҳодисаю падидаҳо маънӣ ва сабабу иллати зеҳнӣ дода бошад ва онҳоро муқаддасу мовароӣ таллаққӣ карда бошад, вале пас аз гузашти вақт чун бо рушди хирад ва тафаккури мантиқӣ сабабу омилҳои он ошкор гардидаанд, он ба дасти устура супурда шуда, онро ҳамчун падидаи хурофотӣ эътироф намудаанд. Агар ба ҳамин тарзи таҳлил ба тамаддуни башарӣ назар афканем, дармеёбем, ки аксар аз он бинишҳои устуравие, ки дар зеҳнияти халқияту миллатҳо дар тулии таърих ҷой доштаанд онҳо ҳам замоне ба ҳайси як навъ боварҳо ва муқаддасот ҳисобида мешуданд. Бо пайдо шудани бинишҳои илмӣ аз онҳо ва далелу бурҳони илмӣ онҳо ба ҳайси қиссаву афсона ва асотир табдил ёфтаанд.
Зеҳнияту тасаввуроти инсонӣ ҳамеша мехоҳад мушкилиро дар они воҳид ҳал намояд. Аз ин рў, хоҳишҳо ва мушкилеро ки пеш меомад, аз роҳи зеҳнӣ мехост онҳоро ҳал кунад. Ҳамин аст, ки дар аксар аз афкори хурофотию боварманд нотавонӣ ва умеди инсонҳо дарҷ ёфтааст. нотавонӣ дар баробари ҳаводис инсонҳоро бо роҳи тахаюлӣ ҳал намудани мушкил савқ додаст. Ҳамин аст, ки дар ҳалли мушкилоте, ки аз роҳи зеҳнию боварманд ба вуқўъ пайвастааст, дар онҳо роҳҳои сода аз қабили парастиш, ситоиш, ибодат, ниоиш таҷассум ёфтаанд.
Яъне дар роҳи ҳалли хурофотӣ мушкил инсон падидаҳои табиию ҷамъиятиро хислати инсонӣ медиҳад. Гумон мекунад ҳодисаҳои табии мисли инсон дорои эҳсосанд. Онҳо низ тамалуқу хумомадро дўст медоранд. Онҳо низ ба мисли инсонҳо ба қаҳр меоянд. Онҳо низ қасос меситонанд. Онҳо низ ба ёрӣ ва кумаки дигарон мешитобанд. Аксар аз парастишҳо ва амалҳои хурофие, ки инсон анҷом додаст, аз ҳамин хислат берун нестанд. Агар ба таҳқиқ ба парастишҳои инсонӣ дар тулии таърих назар афканем дармеёбем, ки чи парастишҳои ҷимодӣ, наботӣ, чи парастишҳои ҳайвонӣ ва чи парастишҳои мовароӣ ба онҳо хислати инсонӣ дода шудааст ва ҳадди ақал сохтор ва монандишон низ ба мисли инсон баррасиву тавзеҳ гардидааст.
Аз назари додаҳои илмию таърихӣ на фақат қиссаҳо балки ҳатто аслу асоси динҳову боварҳо чизе ҷуз хаёлоти ширини таърихии инсони танҳо ва нигарон нестанд. Чизе ҷуз маҳсули зеҳни инсони ибтидоӣ барои посух додан ба саволҳои асосиаш дар мавриди аз куҷо омадан ва ба куҷо рафтан нестанд. Дар бистари ин навъи саволҳои бе посухи фалсафӣ буд, ки инсони соҳибҳуш танҳо ва ниёзманду ёвар боварҳо ва қувваҳои фаротабии мухталифро халқ карда ва аз ин тариқ посухҳои дилхоҳашро ба сурати боварҳои динӣ шакл диҳад. Ба ин васила орзуҳо, зеҳниёт ва хаёлоти мавриди ниёзашро либоси воқеӣ пўшонад.
Барои худро аз гирифторӣ раҳо намудан дилхушии дурўѓине эҷод кунад ва бо ин дилхушини дурўѓин бар бахше аз нигарониҳо дилтангиҳо, тарсҳои фалсафиаш ҷавоб ҷўяд. Таҳлилҳо собит месозанд, ки ҳамаи ин посухҳои хурофию боварманде, ки башар дар тули таърихи муборизаи худ барои бақо ва давоми худу ҷаҳонаш сохтаву пардохта бар пояи дониш ва фаҳми он замон бино шудаанд. Ҳамин аст, ки иддаоҳои хурофӣ на фақат дар мавриди моҳияту маншаъи ҳастиву хилқат, балки ҳатто аз назари чи ва чи гуна будани аввалу охири ҷаҳону инсон низ, муѓоири ҳар гуна дастоварди илмӣ ва хираду мантиқи фалсафии имрўзанд.
Ҳар қадар башарият ба сатҳи тамаддун расидааст ва аз раванди илмии падидаю воқеаҳо огоҳтар мегардад онҳоро дигар на ситоиш балки аз моҳияташон огоҳ гардида, аз онҳо ба манфиати худ ва пешрафти ҷомеаи худ истифода менамояд. Ҳарчанд ин маъно надорад, ки дар ҷаҳони мутамаддини имрўзӣ хурофазадагӣ ва бовару андешаҳои хурофӣ ҷову макон надошта бошанд. Мусаллам аст, ки ҳамаи халқиятҳо ва мардумони ҷаҳон зина ба зина аз ҷамоаи бадавӣ, аз ҳолати нимаваҳшигӣ ба тамаддун расидаанд ва ин роҳро дар тули садҳо ҳазор сол паймудаанд ва то дараҷаи имрўзии ҷомеаи мутамаддин қарор гирифтаанд. Агар ба ин раванд аз назари илмӣ таваҷҷўҳ намоем дармеёбем, ки аз замоне инсон бо хирад такя намудааст ва падидаю ҳодисаҳоро аз роҳи ақлу мантиқ мавриди баррасӣ қарор додаст ҳазорон тадбир ва фарояндҳоро дар баробари мушкилоти табиию иҷтимоӣ ба миён овардааст. Суръати рушди ҷомеаҳои хешро садҳо баробар дар нисбати ҷомеаҳои пешин ба роҳ мондааст.
Агар танҳо дастовардҳои башарро дар як қарни охир мавриди арзёбӣ қарор диҳем, таъсир ва вазни онҳо он қадар зиёд аст, ки дар тули миллион соли гузашта инсоният натавонистааст ҳатто даҳ дар сади онро соҳиб шуда бошад. Ҳамаи ин пеш аз ҳама ба хирадгароии инсоният марбут аст, ки бо такя намудан ба ақлу мантиқ ва дарки дурусти ҳаводиси табиию иҷтимоӣ чунин кашфиётҳо ва дастовардҳоро фароҳам сохтааст. Дунёи рушангарӣ ва илму фалсафа ки ҳудуди 400 соли охирро фарогир аст, тавонистааст дидгоҳҳои наверо ба миён оварад ва аз тариқи шинохтҳои дақиқи табии фанновариҳои ҷадидеро ба миён оварад, то инсониятро ба растагорӣ бирасонад.
Дар воқеъ дар дарозои ин ҳазораҳои таърихӣ ва аз таърих фақат илму фасафа буда, ки ба унвони пояи асосии тамаддун рушди техника ва тавсиаи технологияро барои башарият ҳамвор намудааст. Башарият танҳо бо андешаҳои илимиву фалсафӣ тавонистааст аз дунёи ваҳшӣ раҳоӣ ёбад ва худро ба дараҷаи тамаддуният оварда расонад. Башарият ва махсусан кишварҳое, ки арзиши дидгоҳҳои илмӣ ва фалсафи илмиро шинохтаанд, ҷомеаҳои хешро бар асоси ин бунёд намудаанд. Ҷомеаи дунявӣ вобаста ба мушкиле, ки ба вуҷуд меояд, сохтореро, пешаеро, тахассусеро барои ҳалли ин мушкил тахсис додаанд ва роҳи ҳалро танҳо аз роҳи хирадгароӣ ва неруи илму мантиқ мебинанд. Имрўз кишварҳое, ки низоми дунявиятро пазируфтаанд, такя ба илму хиради инсонӣ доранд дар ҳамаи арсаҳои сиёсиву иҷтимоӣ пешгоманд.
Имрўз низ ҳар ҷомеае, ки такя ба илм ва хирадгароӣ дорад аз лиҳози иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ ҷомеаи пешрафта ва бо мушкилоти камтар ба ҳисоб меравад, яъне ҷомеае, ки ҳар қадар хирадгаротар бошад, ҳамон қадар ворастатар аст. Баръакс ҷомеаи хурофазада боварманд, мушкилаш бештар ва дармонда, ҷаҳолатзада ва таассубзада аст. Ҷомеаи хурофотӣ ҷомеаест, ки ҳалли мушкилот то ҳанўз дар он на аз роҳу шеваҳои имрўзии ақлонӣ балки аз ҳамон роҳу шеваҳои зеҳнӣ, хаёлӣ, бечоранолӣ, ниёишӣ ва хушомадӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар раванди ҷаҳонишавии имрўз миллатҳои таассубзада нодон ва хурофотӣ бо омезиш ёфтан ба мушкилоти густурда ё хешро ба дараҷаи хирадгароӣ мерасонанд, то аз ин гирофторӣ халосӣ ёбанд ё дар муборизоти байниҳамдигарӣ ба бардаву коло ва ѓулом табдил ёфта ҳувият ва ҳайсияти худро аз даст хоҳанд дод. Ҷомеа ва миллатҳои хурофазада дар раванди ҷаҳонишавии имрўзӣ маҳкум ба нобудианд. Онҳоро на касе, балки нодониву ноогоҳӣ ва содабовариашон ба нобудӣ мерасонад.
Исомиддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев