Шумо мехоҳед дар ин моҳи муборак ба оилаҳои ниёзманд, пирони яккаву танҳо, ятимон ва маъюбон кӯмаки худро расонед?
Мо боварии комил дорем, ки саховатмандон аз ин иқдом дар канор намемонанд. Садақа дар ин моҳ на танҳо ба ҳаёт ва саломатии шахси мӯҳтоҷ, балки рӯҳи онҳоеро, ки дасти кӯмак дароз мекунанд, наҷот медиҳад.
Моҳе фаро мерасад, ки мукофоти аъмоли некро Худованд чанд баробар зиёд мегардонад. Маҳз дар моҳи шарифи Рамазон мӯъминон кӯшиш мекунанд, ки на танҳо рӯза гиранд, балки ба онҳое, ки махсусан эҳтиёҷ доранд, фаъолона кӯмак кунанд.
Имрӯз аз тарафи Гурӯҳи хайриявии «Дунёи Умед» марафони хайриявии «Рамазон – моҳи амалҳои хайр» оғоз карда мешавад, ки дар доираи он ҳар яки мо метавонем дар амалҳои хайриявӣ иштирок намоем.
Рафтем! 🤗
Чӣ тавр кӯмак кардан мумкин аст?
1. Ба суратҳисоби ТҶ Гурӯҳи хайриявии "Дунёи Умед" дар ҶСК "Бонки Эсхата" 👇
С/ҳ: 20202972200080100267
РМБ: 350501707
С/м: 20402972457071
РМА: 570010424
======================
2. Ба ҳамёни Душанбе Сити, ки ба рақами ташкилот +992927332060 (Ю.Д.Ш.) пайваст шудааст.
======================
3. Ба ҳамёни Эсхата Онлайн, ки ба рақами ташкилот +992927332060 (У.Н.Н.) пайваст шудааст.
======================
4. Ҳамчунин ба сандуқҳои хайриявии ТҶ Гурӯҳи хайриявии "Дунёи Умед", ки дар: 👇
📍Маркази савдои "Мерос" (кӯчаи Б.Мансуров-назди бозор);
📍Ошхонаи "Тоҷи Заррин" (кӯчаи 8-Март-назди меҳмонхонаи "Ором");
📍Мағозаи "Исломҷон" (кӯчаи Ю.Ёдгоров-назди горсет);
📍Ошхонаи "Мерос" (кӯчаи И.Сомонӣ-жилгородок);
📍Ошхонаи "Мустафо" (кӯчаи Айнӣ-автовокзал) гузошта шудааст, метавонед ҳиссаи худро гузоред.
======================
5. Тариқи QR-рамзҳое, ки осон ва қулай аст ва дар замима оварда шудааст, ба суратҳисоби ташкилот пардохт карда метавонед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев