Муҳимтарин омили тафовуткунандаи инсон бар анвои дигари зинда ин хираду шуури инсонӣ ба ҳисоб меравад. Танҳо хирад аст, ки инсон таввассути он худро ва ашёи падидаҳоро тамйиз месозад. Кистии инсоният ва чистии ҷаҳонро дарк менамояд. Вуҷуди “ман”-и инсон низ ба шууру андешаи ӯ вобаста аст. Дар мафҳуми “ман”-и инсон маҷмӯи шинохту маънавиёт ва арзишҳову ҷаҳонбинии ӯ ифода гардидааст. “Ман”-и инсон аз замони тавлид зина ба зина рушд меёбад ва он нафари фардро дар раванди иҷтимоишавӣ ба шахсият табдил медиҳад.
Дониш низ дар ин замина аз дарку бардошти соддаи ашёву падидаҳо ба сатҳи тафаккур омада мерасад. Дар шаклгирии тафаккур, пеш аз ҳама омилҳои иҷтимоӣ ва инсонӣ нақши асосӣ доранд. Чигунагии арзишҳо ва шуури ҷамъиятӣ ба шуури фард таъсир мерасонад. Шуури фард дар заминаи рӯҳияи ҷамъияти муайян шакл мегирад. Навъи ҷаҳонбинии ӯ ба вуҷуд меояд. Инсон дар марҳилаи иҷтимоишавӣ аз тасаввуроти соддаи падидаю ашёҳо ба дарки воқеию илмии онҳо омада мерасад.
Танҳо дар зинаи дарки воқеӣ инсон метавонад аз қонунмандӣ ва моҳияти ашёҳо огоҳ гардад ва вобаста аз хосияти физикию химиявии онҳо барои худ ашёву чизҳои наверо ба вуҷуд оварад. Омилҳои инсонӣ таъсиргузор дар ин раванд ин истеъдод, тезҳушӣ, қобилият ва ҷусторгарии фард аст, ки гуногуниро дар навъи инсонҳо ба миён меоварад. Қобилиятҳои гуногун, дарк, зеҳн, истеъдод чун барои инсонҳо моҳияти сириштӣ доранд, аз ин лиҳоз рушди тафаккури инсонҳо низ тағийрёбанда ва дар дараҷаҳои мухталиф қарор мегирад.
Инсонҳое, ки бештар тамоюли тахаюлӣ ва зудбоварӣ доранд, дар бештари ҳолат аксар аз падидаю ҳодисаҳоро таҳлил накарда, онҳоро аз рӯи ҳиссу ғараз қабул менамоянд. Баъдан боварҳои худро мутлақ намуда, аз чорчӯбаи ин боварҳо чизи бештареро қабул кардан намехоҳанд. Сабаби карахту шахшуда гардидани навъи тафаккур, ки дар паяш таассубияту хурофотро ба бор меорад, аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад.
Инсони хурофазада танҳо дар доираи боварҳои қабул намудаи хеш ҷаҳонро мебинад. Он қобилияти бурун рафтан аз сохтаҳои зеҳнии худро надорад. Чунин вазъ нафаронеро ба миён меорад, ки онҳо наметавонанд бо дарки ҳақиқати ашёҳо зиндагӣ кунанд, балки доим дар пайи бофтаҳои зеҳнии худ машғуланд ва боварҳояшонро айни ҳақиқат мепиндоранд. Махсусан дар омили иҷтимоӣ гоҳе, ки бинишҳои таассубию хурофотӣ ба тарзи ҷаҳонбинии иҷтимоӣ табдил меёбанд, наслҳои баъдӣ бидуни дарку фаҳм кардани моҳияти падидаю ҳодисаҳо ононро айнан тавре дар бовару зеҳнияти дигаронанд, қабул менамояд. Яъне ин ба он маънист, ки аз он дидгоҳи тангу соддаи суннатию хонаводагӣ берун намераванд.
Онҳо дар фазои маҳдудаи боварҳо ва суннатҳо боқӣ монда, на аъмоли хешро дурурст тавзеҳ дода метавонанд ва на дар шинохти воқеияти ҳаводиси дар атроф ба вуқуъ пайваста назари фардию таҳлилӣ дорад. Аксаран тасаввуроти зеҳнӣ, ки берун омада, аз тахаюлу боваранд ҳеҷ заминаи воқеӣ надоранд. Ин аст, ки аксар аз ҷомеаҳое, ки бо тасаввуру тахаюл ба сар мебаранд, дур аз дидгоҳҳои илмию таҳлилӣ аст.
Дар ин навъи ҷомеаҳо ҳар гуна кору амал на аз рӯи барномарезиҳои муайян, балки аз рӯи таваккул, эътиқоду эътимод сурат мегирад. Яъне ин маънии он дорад, ки ҷомеаи суннатгаро бештар дар фазои тақлиду боварҳо зиндагӣ менамояд ва пешрафту шукуфоиро на дар худу ҷомеаи худ, балки дар суннатҳо, боварҳо мебинад ва пешрафтро дар нокуҷоободи зеҳнии худ ҷустуҷӯ менамоянд. Онҳо таъоливу бартариро на дар такмилу тағйири хеш ва зиндагию ҷомеаашон, балки дар сохтаҳои зеҳнӣ ва суннатҳову арзишҳои аз гузашта меросмонда ҷустуҷӯ мекунанд.
Тафовут байни ҷомеаи суннатӣ ва ҷомеаи пешрафтаи муосир дар он аст, ки дар ҷомеаи пешрафта ҳамаи меъёрҳо аз рӯи заррияти иҷтимоӣ, ки вобастаи фазои замони муайян аст, сурат мегирад. Дар ҷомеаи суннатӣ бошад, меъёрҳо на бар пояи зарурат, балки бар пояи боварҳо ва арзишҳои боварманд ба амал бароварда мешавад. Дар ҷомеаи пешрафта дониши илмӣ ва нерӯи зеҳнӣ сармояи миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Аз ин рӯ, аксаран нухбаҳои сиёсию фарҳангии ин навъи ҷомеа кушиш ба харҷ медиҳанд, то нерӯи зеҳнӣ бештар ривоҷ пайдо кунад. Илм ва дастовардҳои илмӣ бештар шаванд. То дар заминаи онҳо рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ зудтар ба роҳ монда шавад. Вале баръакс дар ҷомеаи суннатӣ муҳим риоёти суннатҳо ва арзишҳои бовармандианд, ки ин арзишҳо шояд ҳазорон сол қабл ба миён омада, барои ҷомеаи имрӯз ҳеҷ зарурат надоранд.
Вале азбаски онҳо ба ҳайси арзиши мутлақ пазируфта шудаанд, аз ин рӯ тағйир додани онҳо дар зеҳнияти ин навъи ҷомеа гуё ба як мусибати ҳамагонӣ арзёбӣ шавад. Ин ҷо бояд дар назар дошт, ки наҳамаи арзишҳо ва суннатҳо дар назаранд, балки танҳо суннату арзишҳое, ки моҳияти хешро аз даст дода, дигар дархӯри дарди иҷтимоӣ нестанд.
Яке аз мушкилоти бунёдии ҷомеаи суннатгаро ин набудани дарки дурусту илмӣ аз зарурат ва арзиш аст. Дар бинишу тафаккур ва муносибати хонаводагии ҷомеаи суннатӣ аксаран масоил ба сарнавишт ҳавола карда мешаванд. Чунин тарзи таълим намегузорад, ки афроди дар ин навъи ҷомеа ташаккулёбанда чӣ буди заруриятро дарк намоянд. Зеро дар ин ҷомеа арзишҳоро бар зарурият муқаддам медонанд. Дар ҳоле, ки дар як ҷомеаи муосири илмммеҳвар бояд зарурат муқаддам бар арзишҳо бошад.
Ҳарчанд арзишҳо низ дар рушди ҷомеа таъсири муайян доранд ва ҳамчун яке аз омили пешбар низ метавонанд дар ин раванд ширкат варзанд, вале арзишҳо набояд мутлақ ва тағйирнопазир қабул карда шавад. Вақте арзиш хусусияти мутлақию муқаддасӣ мегирад он ба догма табдил меёбад. Ҳар андешае ба догма табдил ёфт, он наметавонад ҳамчун омили пешрафт баромад намояд, балки баръакс ба як омили боздоранда табдил меёбад.
Дар ҷомеаи муосири илммеҳвар арзишҳоро на ҳамчун арзиши мутлақ, балки ҳамчунарзиши нисбӣ қабул доранд ва онҳоро на ҳамчун фаробашарӣ, балки буруномада аз зеҳни башар меҳисобанд. Аз ин рӯ онҳоро на ба ҳайси мутлақ, балки ҳамчун падидаи тағйирпазир қабул менамоянд ва вобаста аз заруратҳои иҷтимоӣ ташаккулёбӣ ва тағйири ҷомеа онҳоро дигар мекунанд ва ё ба ҷояшон арзишҳои дигареро ба миён меоваранд.
Миллатҳои суннатзадаи боваргаро ба маънии зарурат сарфаҳм намераванд ва дарк накардани зарурат боиси ба вуҷудомадани меъёрҳо ва мсуносибатҳои хашин гардида ин навъи ҷомеаҳо на бар пояи идоракунии демократӣ, балки бештар хусусияти идоракунии диктатуриро дорад. Ҷомеаи боварманд ҳеҷ таърифе аз демократияро дар матни китобҳо ва фаҳми худ надорад. Онҳо ҳар дастуроти доранд аз боварашон маншаъ мегирад, ки он тағйирнопазир аст, зеро бунёди тафаккури бовармандӣ хусусияти тағйирнаёбанда дорад. Дар ҳамаи анвои тафаккури боварманд меъёри асосӣ тағйир надодани он арзише аст, ки қудсӣ гардида ва дар меҳвари афкори умум қарор гирифтааст.
Тағйир додан ё шак овардан дар арзишҳои бовармандӣ пояҳои онро ба ларза меорад ва сабаби тағйири ин арзиш гардида, метавонад дар ниҳояти кор мутлақияти онро аз байн бибарад. Ҳамин аст, ки аксаран аз рӯҳониёну ононе, ки хешро ҳимоятгари боварҳо ва суннатҳо меҳисобанд, кушиш ба харҷ медиҳанд, то ҳеҷ навъе аз шубҳа ё тағйире дар арзиши бовармандӣ ба вуҷуд наояд. Аксар аз арзишҳои бовармандӣ на бар пояи ақлу таҷрибаву озмоишанд, на дар онҳо дарки зарурати иҷтимоӣ вуҷуд дорад, балки берун омада аз бовар ва нақлҳоянд. Яъне ба таври дигар ҷомеаи боварманди суннатгароро метавон на ҷомеаи ақлӣ балки ҷомеаи нақлӣ унвон намуд. Дар чунин навъи ҷомеаи боварманд ки наметавонад тасаввур кунад, паҳнои каҳкашонҳои олами вуҷуд тақрибан 180 млрд адаро ташкил медиҳад ва наздиктарини он бо каҳкашони мо 1 млрд соли суръати нур дурӣ дорад, тавзеҳ дод ва фаҳмонд, ки мо инсонҳо ва Замин ҳамчун сайёрае, ки мо дар он басар мебарем, як заррае аз олами вуҷуд аст.
Дар тасаввури афроди ҷомеаи суннатӣ ҷаҳон ва олами ҳастӣ хеле хурду кучак ба назар мерасад, ки он бофтаи зеҳнияту хаёлоташон аст. Ҳамин тасаввуроти зеҳнию хаёлӣ ва ҷаҳонро аз назари воқеияту илм дарк накардан, боиси он гардидааст, ки афроди ҷомеаи суннатӣ ба ҷаҳон муносибати тасаввурӣ, хаёлӣ ва бовармандона доранд. Баръакс дар ҷомеаи илмии хирадгаро муносибати афроди ҷомеа бар пояи донишҳо, таҷрибаҳо, кашфиётҳо ва натиҷаҳои илмӣ ба даст омадаанд.
Дар муносибат ба худу ҷомеа бошад, дар ҷомеаи суннатӣ фард, вобаста, сарнавиштӣ ва тағйирнопазир аст, аммо дар ҷомеаи илммеҳвари хирадгаро инсон озод ва дар интихоби роҳи худ такомули шахсияташ ва чи гуна худро табдил додан ба як инсони муҳим аз дарки худшиносӣ ва рушди омилҳои инсониаш вобаста аст. Тамоми масоили иҷтимоӣ дар он тавассути омӯзишҳои соҳаҳои илмҳои муайяни иҷтимоӣ, сурат мегирад. Масалан тамоми иқтисоди онҳо бар пояи улуми иқтисоди муосир тарроҳӣ шудааст. Масоили иҷтимоию оянданигарии иҷтимоӣ бар пояи илми сотсиология ва пажуҳишҳои он сурат мегирад.
Ҷомеаи суннатӣ бошад, аксар аз масоили иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии хешро на бар пояи додаҳои илмӣ, балки бо такя ба сарнавишту таваккул кардан ба роҳ монад. Ҳамин аст, ки фарди ҷомеаи суннатгаро чун тасмими озод дар ташаккули шахсияти хешро надорад, он ҳатто тасаввур кардан наметавонад, озодӣ ва меъёрҳои он чианд. Фарде ва ё дар маҷмӯъ мардуме озодиро дарк карда наметавонад он наметавонад ҷомеаи худро бар пояи фаҳми сохтори демократӣ созад. Ҳатто агар ба чунин навъи ҷомеа, ки афроди он таасубию хурофотианд ҳар гуна фаҳми демократиеро пешниҳод намоӣ онро қурбонии фаҳми яксуии худ менамоянд.
Бо назардошти нуктаҳои боло моро зарур аст, то ҷомеаи худро бар донишу улуми имрӯзӣ мусаллат гардонем. Ҳамагуна масоили иҷтимоию инсоншиносиро дар доираи қонунмандии илмҳои инсонию иҷтимоӣ ба роҳ монем. Кушиш ба харҷ диҳем, то асоси сармояи миллиро бар пояи сармояи зеҳнӣ ривоҷ диҳем. Илм, дониш ва дастовардҳои илмиро ҳамчун муҳимоти омили пешбарандаи ҷомеа дарку фаҳм намоем. Маҷмӯи меъёрҳои иҷтимоиро бар пояи зарурати иҷтимоӣ тарроҳӣ намоем ва ҳар гуна арзишро вобаста аз зарурияти иҷтимоӣ нақду баррасӣ намоем. Фардро аз замони тавлид то табдил ба шахсият ёфтан, дар рӯҳияи донишҳои муосири башарӣ тарбия намоем ва муносибати воқеъбинонаро байни инсону ҷаҳон дар ҷаҳонбиниаш ташаккул бидиҳем. Он гоҳ аз монеаҳои зеҳние, ки дар рушди кишвари мо қарор доранд, берун меоем ва сатҳи рушдамонро ба сатҳи рушди кишварҳои пешрафта баробар намоем.
Исомиддин Шарифзода,
номзади илмҳои фалсафа
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев