Рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ки ҳамчун рӯзи мардон медонем бароятон табрик гуфта ба якояки шумо хушбахтӣ солимӣ ва дарозумрӣ таманно менамоям.
Бигзор Тоҷикистон то бод дар амон бод!
Умре чу сарпаноҳи ободи тоҷикон бод!
Дар ҳифзу амни Аллоҳ аз чашми душманон бод !
Бо қувваи мусаллаҳ маҳфуз ҷовидон бод!
Ҷавшан ба ҷони миллат пайваста ҷони артиш,
Гӯям сипос ман бар ҳар қаҳрамони артиш.
Зебодиёри моро чун ҷон азиз доранд.
Ҳам хизмати Ватанро як фарз мешуморанд.
Бар хоки поки мулки худ арҷ мегузоранд .
Лозим шавад ба мулки худ ҷон месупоранд .
Ҷавшан ба ҷони миллат пайваста ҷони артиш ,
Гӯям сипос ман бар ҳар қаҳрамони артиш .
Бо дурӣ аз азизон дар хизмати диёранд
Дар аспи мардиву нанг бехастагӣ саворанд
Бо ишқу бо муҳаббат умре ба корзоранд
Хасми Ватан зи буди артиш залилу хоранд
Ҷавшан ба ҷони миллат пайваста ҷони артиш,
Гӯям сипос ман бар ҳар қаҳрамони артиш.
Бо эҳтиром Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев