Предыдущая публикация
Гуфтамаш гулхандае афрӯз бо ман, гиря кард.
Гуфтамаш, нолон машав, аз нола ман нолонтарам,
Шеваи шодон шудан омуз бо ман, гиря кард.
Гуфтамаш, як лолаи наврӯз ҳамранги ту буд,
Гуфт, оре, лолаи наврӯз бо ман гиря кард.
Гуфтамаш танҳотарин танҳо туӣ, гуфто, чаро,
Ҳар куҷое буд як худсӯз, бо ман гиря кард.
Гуфтам, аз хомӯшгуфтанҳои ту фарёдҳо,
Як нафас фарёд ҳам андуз бо ман, гиря кард…
Гуфтамаш, имшаб ба ҳолат Озарахше ханда зад,
Гуфт он хандоннамо то рӯз бо ман гиря кард…
Озарахш
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев