Предыдущая публикация
Чун, ки бо ёди ҷавонӣ зиндагонӣ дигар аст.
Осмон гӯё нигаҳе мекунад сӯйи замин,
Бар замин гӯё нигоҳи осмонӣ дигар аст.
Ёд меорӣ якояк лаҳзаҳои хубу бад,
Хубу бадро ҳар қадар андеша ронӣ дигар аст.
Ёрҳоро арзёбӣ менамоӣ худ ба худ,
Ёри нонӣ дигар асту ёри ҷонӣ дигар аст.
Дар ҷавонӣ қаҳрамон тобад агар ҳар муштзӯр,
Ин замон пайроҳаҳои қаҳрамонӣ дигар аст.
Лвзаҳову хотиротатро қиёсе кардаӣ?
Гӯиё он рӯз дар ҷисмат равони дигар аст.
Давраҳоро гар бихоҳӣ низ нопайвастанист,
Даврҳо гӯё замон неву ҷаҳони дигар аст.
Ҳотамӣ, имрӯз то фардост пур аз фарқият,
Фарқиятҳоро қабул кардан тавони дигар аст.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев