Предыдущая публикация
Ҳамчунон қимати дидори ту арзонӣ буд.
Кош дар ойинаи хотираат ман будам,
Ғуссае буд агар, ғуссаи пинҳонӣ буд.
Дар лабонам ғазали ноб ҳамедидӣ, кош,
Кори лабҳои ту эй кош ғазалхонӣ буд.
Кош, нози ману қаҳри ту намебуд, дигар
Ишваҳои ману рафтори ту инсонӣ буд.
Кош дар сўҳбати ноаҳл намеафтодем
Пушти ҳар вожаи мо маънии ирфонӣ буд.
Ва аз он рӯз ки шеър омада бар дунёям,
Осмон абрӣ, ҳавоям ҳама боронӣ буд...
Кош девонагиямро ту намедонистӣ,
Ин ҳама сузи дили ман, зи парешонӣ буд.
Кош, ин лаҳза, чу пешина биёӣ ба дарам,
К- аз ҳузури ту дилам шоду чароғонӣ буд..****
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев