Предыдущая публикация
Ало ишқи воло, туро меписандам.
Ҳама даҳр бе ту зи шавқ аст орӣ,
Ба шавқу таманно туро меписандам.
Дили зор пажмурда гардида бе ту,
Мудаввои дилҳо, туро меписандам.
Худастӣ муаммову худ роҳи ҳаллӣ,
Чу ҳалли муаммо туро меписандам.
Ба маргам расондӣ, зи маргам буридӣ,
Чӣ олӣ, чӣ расво туро меписандам.
Бигуфтанд мардум аз ин дард бигрез
Ба сад бор, аммо туро меписандам.
Ба чашми дигарҳо ту баҳри гуноҳӣ,
Ба чашмам мубарро, туро меписандам.
Худо то даме, ки барад Ҳотамиро
Зи дунё ба уқбо, туро меписандам.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев