Предыдущая публикация
Эътимоду эътибор обод кард.
Хуни гарму номуси мардонае,
Ишқу рағбат, нангу ор обод кард.
Аз шиор ин сарзамин вайрона буд,
Корҳои бешиоор обод кард.
Бо муҳаббатҳои беҳадду канор,
Панҷаи пуриқтидор обод кард.
Ҳамдиёре шуд канори ҳамдиёр,
Иттиҳоду ифтихор обод кард.
Ҷангҳо шукрона дигар нестанд
Ваҳдати деринтизор обод кард.
Ишқи меҳан ҷӯш зад дар синаҳо,
Синаҳои пуршарор обод кард.
То набошад зори як бегонае,
Мардуми ободкор обод кард.
Хайрхоҳи мо нагардид аҷнабӣ,
Раҳбару халқи диёр обод кард.
Офарини ҳамзамонони азиз,
Мулкро бо ихтиёр обод кард.
Нест дигар Тоҷикистонам хазон,
Халқ онро чун баҳор обод кард.
Бо ду дасти халк, дон ай Ҳотамӣ,
Ин заминро Кирдигор обод кард .
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев