Предыдущая публикация
°°°Ахгаре аз қалби мармар ёфтӣ, ёдам бикун.
°°°Дар азои боғ чун доғи хазони сӯхта,
°°°Лолае дар байни дафтар ёфтӣ, ёдам бикун.
°°°Дар сиришти сабзхушкон хуни оташ мурдааст,
°°°Аз нигоҳе умри дигар ёфтӣ, ёдам бикун.
°°°Аз сарафшонии ман ҷуз ту касе огаҳ набуд,
°°°Зери пойи бесаре сар ёфтӣ, ёдам бикун.
°°°Мову ту гумгаштаи оғозу анҷоми худем,
°°°Мисрае аз Рӯдакӣ гар ёфтӣ, ёдам бикун.
°°°Ҳар гаҳе дар чеҳраи пажмурдаи афсурдае,
°°°Як гули рухсори дигар ёфтӣ, ёдам бикун!
ГУЛРУХСОР.
2009.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев