___Чанд авроқи тар аз ҷилди китобаш мондааст.
___Бехабар уфтодаам масту аласт то рузи ҳашр,
___Соғари бишкаста аз хуми шаробаш мондааст.
___Меравад акси нигоре рӯи оби дидаам,
___Косаи маҳҷурӣ дар чашми ҳубобаш мондааст.
___Менавозам тори муяшро ба нохуни дилам,
___Нолаҳо дар пардаи тори рубобаш мондааст.
___Сухт ҷонамро шуъои нози ширинаш чунон,
___Аз дили парвонаам боли кабобаш мондааст.
___Мекашам бори гуноҳамро ба тори ишқи ӯ,
___Куҳи ғам истодаву тарфи азобаш мондааст.
___З- он, ки рафт аз гулшани сабзи хаёлам як шабе,
___Лолаҳо хушкидаву марзи харобаш мондааст.
___Гашт холӣ осмони ишқи ман аз ахтаре,
___Сафҳаҳои холӣ бе килки шиҳобаш мондааст.
___Роҳҳои зиндагониро, ки Пайдовар гузашт,
___Як раҳи норафтаи пурпечутобаш мондааст.
___Маст будам аз хумораш рафт гулзори дигар,
___Чашми гирёни маро як панҷа обаш мондааст.
Шараф
Пайдовар
Умарзода.
7.02.2025.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев