____Куҷо ишқе, ки бишносӣ Худоро,
__Чу Одам ҷаннату макри Ҳаворо.
✨
____Манам тутии гулзори муҳаббат,
__Зи қалби ман бурун овар наворо.
✨
____Маҷу нафсе, ки охир шармсорӣ,
__Бипечӣ бар танат дарду балоро.
✨
____Бипӯш чашми ҳасодат бо пари хок,
__Ба чашми дил бубин арзу саморо.
✨
____Биандеш аз гуноҳу нори сӯзон,
__Маяфкан чатри имону ҳаёро.
✨
____Хиёнатҳо макун дар равзаи ишқ,
__Сияҳру мекунад охир киҳоро.
✨
____Бишу дилро зи оби дидаи гул,
__Шавӣ поку мубаррою дилоро.
✨
____Шароби некуиро ҳар замон нӯш,
__Барад буғзу шарори кинаҳоро.
✨
____Аё Лайливаши меҳроби қалбам,
__Зи мо омӯз аҳкоми вафоро.
✨
____Шави орӣ зи дарди ҳарду олам,
__Ба ту орам саломи Мустафоро.
✨
____Мабикшо ғунчаи лабро ба ҳар кас,
__Биандеш вусъати сӯзи ҷазоро.
✨
____Макун олуда домони муҳаббат,
__Бидор покиза ишқи мунтаҳоро.
✨
____Бишав Заҳрою меъроҷи дилам бош,
__Каромоте, ки бошад Муртазоро.
✨
____Барам дорулхати дил пеши Маъбуд,
__Биёрам ояту ҳабби шифоро.
✨
____Миёни оғуши Пайдовару гул,
__Алоби бӯса месӯзад саборо
✨
____Аё олиҳаи дунёи ишқам,
__Чу ҷонам дӯст медорам шуморо.
Шараф
Пайдовар
Умарзода.
4.02.2025.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев