Предыдущая публикация
___Мурдам ман аз ин ғусса, ки ғамхори кӣ будӣ?
___Аз ҷоми кӣ май хурдӣ, ки мастӣ кунӣ индам,
___Бо чашми сияҳ наргиси бедори кӣ будӣ?
___То субҳ нахуфта назари роҳи ту кардам,
___Ту шамъи шабистони шаби тори кӣ будӣ?
___Бо лаъли шакарбор будӣ ҳамсухани кӣ?
___Бо ҳусни Худодод ҷигархори кӣ будӣ?
___Бозуи худ аз гардани кӣ карди ҳамоил?
___Эй бахти ҷавон, давлати бедори кӣ будӣ?
___Боди саҳарӣ атри ту овард ба ман ҳам,
___Гулбӯсифато, ғунчаи гулзори кӣ будӣ?
___Мӯҳтоҷи нигоҳат шуду афтод Манижа,
___Аммо ту айёдатгари бемори кӣ будӣ?
МАНИЖА.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев