Предыдущая публикация
Дар замин чун мурғи озод аз қафас лаззат баред!
Мерасад рӯзе, ки кас н-ояд ба дидори шумо,
Ҳол аз дидорбиниҳои кас лаззат баред!
Менабинем андаруни хок ғайри решаҳо,
Рӯи хокед? Аз гулу ҳам хору хас лаззат баред!
Мешавад хомӯшие як рӯз моро ихтиёр,
Аз суруду бонгу фарёду ҷарас лаззат баред!
Одамон, з-одам будан ҳар лаҳза шукри ҳақ кунед!
Аз нигоҳи гову хар, мӯру магас лаззат баред!
Ҳотамӣ бешубҳа мегӯяд, ки дар ҳар тангно,
Аз расиди муждаи фарёдрас лаззат баред!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев