Эй ҷони бар лаб омада, кай рӯйи ҷонон мерасад?
Эй оҳ, эй буғзи гулӯ, берун намегардӣ чаро?
Ин нолаҳои зор кай бар чашми Яздон мерасад?
Эй хуни ман, то кай туро ин ишқ меорад ба ҷӯш?
Бар мазраи хушки дилам кай бӯйи борон мерасад?
Ман хастаам, ман хастаам, бо дасту пои бастаам,
Бар ин дили бишкастаам кай хатми армон мерасад?
Ин кулбаи эҳзони ман аз дидани ман хаста шуд,
Он Юсуфи гумгашта кай бар шаҳри Канъон мерасад?
Номеҳрубони ман бувад бо ҳар ки ҷуз бо ман қарин,
Кай чашми Раббулоламин бар дӯстдорон мерасад?
Қалби ҳазин, дар синаам ин қадр бетобӣ макун!
Ором шав, к-ин ҳузни ту рӯзе ба сомон мерасад!
Огоҳ бош, эй Ҳотамӣ, бебозгашт ин роҳи ишқ.
Мемирӣ ё дар нимараҳ,
ё раҳ ба поён мерасад .
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев