Предыдущая публикация
Гоҳ ба айш мебарад, гоҳ фигор мекунад.
Дар аҷабам, ки ғайри ман бо ҳама меҳр бастаӣ,
Навбати ман расад чаро меҳр фирор мекунад?!
Лаҳзаи бе ту буданам замзамаву сутуданам,
Дар дили ошиқам хамӯш оташи нор мекунад.
Нестӣ гар қариби ман, бош даме рақиби ман!
З-он, ки дил аз рақобатат ҳисси мадор мекунад.
Аз ҳама беҳтарин туӣ дар назари мани ғариб,
Вой, дар интихби ишқ сина қарор мекунад.
Ишқи ту карда дар сарам ҷой фақат ду фасли сол,
Ҳаҷр хозон мекунад, васл баҳор мекунад.
Фалсафаҳои ошиқӣ ақли маро ба нокуҷо
Бурд, дидам ки ақлро ишқ шикор мекунад.
Ҳотамӣ, гар ки ишқро додӣ иҷоза бар дилат,
Дон ки гусел ӯ туро то ба мазор мекунад.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев