Предыдущая публикация
Бо ҳамдигар бародару ҳамдам намешавад.
Ғам мехурад барои ҷаҳон то ба рӯзи марг,
Рӯзе зи банди нафс чу беғам намешавад .
Банди ғуруру бухлу такаббур бувад мудом,
Пайгири ақли хеш чу як дам намешавад.
Бо ин, ки хок мешавад ҳар рӯз як нафар,
Кас сардқалб ҳеҷ зи олам намешавад.
Дар ишқи ин ҷаҳони дурӯзиву бевафо
Ифрот беш мешаваду кам намешавад.
В-аз пешрафти кас касе охир бигӯ чаро
Маҳзун шавад ҳамешаву хуррам намешавад?!
Беҳуда ҷаҳд мекунӣ бо назм, Ҳотамӣ!
Ҳаргиз ба фикрам одамӣ одам намешавад.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3