Монда дар зеҳнам ҳазорон хотирот.
Хотироти лаҳзаҳои зиндагӣ,
Хотироти ғарқи ғам, ғарқи нишот.
Эй басо таълимҳо додӣ маро,
Дар ту бас ҳарҷо супурдам имтиҳон.
Имтиҳонӣ буд ҳар як рӯзи ту,
Имтиҳои эътибору итминон.
Гоҳ бигзаштам ба авҷи ифтихор,
Ман зи ҳар як имтиҳонат бе шикаст.
Гоҳи дигар боварӣ бар дӯстон,
Бовариямро, умедамро шикаст.
Бемуҳобо дарсҳоят беш буд,
Дар ту ман омӯхтам бисёр чиз.
Алвидо соли равон, ёдат ба хайр!
Хотиротатро ҳамедорам азиз.
Хуш биё, соли ҷадиди умри мо!
Шод ову шод мону шод рав!
Дар ту баҳри мо Худо бахшад ҳаме,
Шодиву хурсандиҳои нав ба нав!
Дар ту, ай соли ҷадид, дорам умед,
Дӯстиву сулҳ оламгир бод!
Ҳар диле ки метапад дар ин замин,
Нектолеъу баландтақдир бод!
Соли нав, мегӯмат бори дигар,
Аз самими қалб ман хуш омадӣ!
Ҳамраҳи худ некиҳои беш ор!
Пок кун аз рӯйи ин олам бадӣ!
Бар шумо ҳам, дӯстони арҷманд,
Бошаду гардад муборак соли нав!
Бо ҳама рӯзаш шуморо оварад,
Файзи нав, шодии нав, иқболи нав!
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2