Предыдущая публикация
Нишоти умр супурдам, ки мехарам ишқат.
Тавоф мекунадаш хуни ман ҳама соат,
Ки кард мазраи қалби маро ҳарам ишқат.
Аз иқтидори муҳаббат ту бехабар, аммо,
Намуд аз мани муътод мӯҳтарам ишқат.
Ҳамеша лаҳзаи эҷоду дарҷи шеъру ғазал
Аз умқи қалб бувад ёру ёварам ишқат.
Чакидаҳои давотам тамом хуни дил аст,
Агар чу шеър биёрам ба дафтарам ишқат.
Набудани ту канорам насозадаш кам, чун
Худо намуда барои дилам карам ишқат.
Ба қалби Ҳотамӣ то зинда аст мемонӣ,
Чу ҷон равад, ба дили хок мебарам ишқат.
Ғайратҷон Ҳотамӣ
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2